Оила таҳти муҳофизати давлат қарор дорад

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ ҳарчанд чандин қонун қабул гардида бошанд ҳам, аммо то ҳол дар масъалаи оила ва оиладорӣ номуросогӣ, рафторҳои ношоиста, зӯроварӣ нисбат ба зан, ҳамдигарнофаҳмӣ ва ба ин монанд мушкилиҳо дида мешаванд ва фарзандони аксар оилаҳои мавриди хушунат қароргирифта дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила», Қарорҳои Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Шахсе, ки маърифат дорад, савод дорад, ақлу тамиз дорад зиндагиаш хуррам, беолоиш ва пур аз нишот мегузарад. Зиндагонии зану мард дар асоси никоҳ ба вуҷуд меояд. Никоҳ барои ба вуҷуд омадани ҷамъиятҳои солим, оилаи солим, фарзандони солим, барои хушу зебо будани инсонҳо лозим аст. Никоҳ ин сабаби асли вуҷуди инсон мебошад.

Ҳаёт бо исрор талаб мекунад, ки мо бояд барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро ҳанӯз аз боғча, мактаб ва мактаби олӣ ба ҳаёти мустақилона омода намоем. Асосӣ зиндагии мо аз оилаву оиладорӣ оғоз меёбад. Оила чун ҷавҳари ҷомеа дар ҳама давру замон мақому манзалати хосаеро  соҳиб аст. Тамоми бурду бохти мо бо оилаву оиладорӣ алоқаманд аст. Ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ, машаққату роҳат, ҷавонию пириро худи инсон пиёда мекунад.

Муноқишаҳои оилавӣ асосан дар оилаҳои носолим бо баҳонаҳои ночиз, ҷанҷоли байни зану шавҳар, хушдоману келин, фарзандони нохалаф, бадахлоқ сар мезанад. Ихтилофҳо сар задан мегиранд, ихтилофҳои пешина ҳалли худро наёфта боз нофаҳмиҳои нав ба нав рӯй медиҳад, косаи сабр, ки лабрез шуд кор ба ҷанҷол, занозанӣ, дағалӣ, таҳдид ва таҳқири ҳамдигар омада мерасад. Охир то ба даргоҳи суд овардани мард ё зан оварда мерасад.

Баҳри ҳимояи оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  03 феврали соли 2015 таҳти №352 «Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила» қабул карда шуда буд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ тадбирҳо андешида истодааст. Мисоли равшанро аз таҷрибаи судӣ оварда метавонем.

Санаи 18 сентябри соли 2019 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи оилавиро бо даъвои А.А. нисбати Б.Б. «оиди бекор кардани ақди никоҳ» мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки даъвогар А.А. даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки ў бо ҷавобгар Б.Б. соли 2017 оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Шуъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳри Дешанбе санаи моҳи сентябри соли 2017 ба қайд гирифтаанд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби фарзанд намебошанд. Аз аввали хонадоршавиашон муносибатҳои онҳо хуб буда, байни онҳо ҳурмату эҳтиром ва муҳаббат ҷой доштааст. Аммо бо мурури замон муносбатҳои оилавии онҳо сард гардида, ҷангу ҷанҷоли оилавӣ ба миён омадааст. Аз моҳи сентябр онҳо зиндагонӣ намекунанд. Ў дигар хоҳиши бо ҷавобгар якҷоя зиндагонӣ карданро надоштааст, чунки байни онҳо ҳурмату эҳтиром набуда, якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат ҷой надоштааст. Аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи ў бо ҷавобгар, ки дар Шўъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳри Дешанбе ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.

Суд муводҳои парвандаро омўхта, баёноти тарафҳоро санҷида, ҳолатҳои воқеии парвандаро муқаррар намуда, ба чунин хулоса омад.

Тибқи муқаррароти моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Даъвогар А.А. нисбати ҷавобгар Б.Б. оиди бекор кардани ақди никоҳ ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳаш бекор карда шавад.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 21 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад.

Суд аз баёноти тарафҳо муайян намуд, ки даъвогар А.А. ва ҷавобгар Б.Б. айни замон соҳиби фарзанди муштарак набуда, ҷавобгар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ намебошад.

Дар мурофиаи судӣ даъвогар А.А. баён намуд, ки бо сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳо ва мувофиқ наомадани хислатҳояшон бо ҷавобгар муносибатҳои оилавиашон қатъ гардидааст. Хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи онҳо бекор карда шавад.

Ҷавобгар Б.Б. бо ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи даъвогар розӣ нашуда, аз суд хоҳиш намуд, ки ба онҳо барои барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ боз муҳлат дода шавад. Ў намехостааст, ки оилаи онҳо вайрон шавад. Сабаби вайрон гардидани оилаи онҳо ин ба муносибатҳои оилавии онҳо дахолат намудаи модари даъвогар мебошад. Ў кўшиш мекардааст, ки муносибатҳои оилавиашро бо даъвогар барқарор намояд.

Тибқи талаботҳои моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кўмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ўҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.

Мутобиқи талаботи банди 10 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-майи соли 2003 таҳти №10 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ» (Бо тағйиротҳое, ки бо Қарори Пленум аз 19 марти соли 2009 №3 ворид карда шудаанд.) ваҷҳҳои аниқ тасдиқгардидаи хоҳиш надоштани ҳардуи ҳамсар оиди давом додани ақди никоҳ барои бекор кардани никоҳ асоси кофӣ ҳисобида намешавад. Танҳо пас аз муқаррар кардани он, ки зиндагонии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир буда, оилаи онҳо қатъиян пароканда гардидааст, суд ҳуқуқ дорад талаби бекор кардани никоҳро қонеъ гардонад.

Суд ваҷҳҳои дар аризаи даъвогӣ ва дар мурофиаи судӣ пешниҳоднамудаи даъвогар А.А.-ро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки онҳо асос барои бекор намудани ақди никоҳ шуда наметавонанд, зеро ҷавобгар Б.Б. тамоми кўшишҳоро намуда истодааст, ки оилаи онҳо барқарор шавад. Яъне зиндагонии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконпазир мебошад. Бинобар ин, суд дар маҷмўъ ҳамаи ҳолатҳои дар боло зикршударо ба инобат гирифта, бо мақсади таъмини пойдорию устувории оилаи ҷавонон, аризаи даъвогии А.А. нисбати Б.Б. оиди бекор кардани ақди никоҳро рад кард.

Ҷ.Ширинзода – судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе