ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚИСМИ II

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚИСМИ II

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2018, № 1197
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 582
ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 323; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2006, № 4, мод. 194; с. 2009, № 12, мод. 821; с. 2010, № 7, мод. 540; с. 2012, № 7, мод. 699; с. 2013, № 7, мод. 505), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Моддаи 527 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“Моддаи 527. Нигоҳ доштани ҳуқуқи моликиятии фурўшанда

  1. Агар дар шартномаи хариду фурўш нигоҳдории ҳуқуқи моликият ба мол ба фурўшанда то пардохти он ё фарорасии дигар ҳолатҳо пешбинӣ шуда бошад, харидор ҳуқуқ дорад, ки танҳо ҳамон қисми арзиши молро, ки аз бақияи нархи ба фурўшанда пардохтшаванда зиёд аст, фурўшад, ба гарав гузорад ё ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд. Харидор аз лаҳзаи гирифтани мол таваккали тасодуфан нобуд шудан ё зарар дидани он, масъулият оид ба нигоҳдорӣ, таъмир ва дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои моликро ба ўҳда дорад. Агар дар қонун дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, маҳсулот, самара ва дигар даромадҳое, ки харидор дар натиҷаи истифодаи моли гирифташуда ба даст овардааст, мавзўи гарав вобаста ба таъмини иҷрои ўҳдадориҳои ў аз ҷониби харидор дар назди фурўшанда оид ба пардохти мол мебошад.
  2. Дар ҳолатҳои дар мўҳлати пешбининамудаи шартнома пардохт нагардидани моли додашуда ё фаро нарасидани ҳолатҳои дигари гузариши ҳуқуқи моликият ба харидор фурўшанда ҳуқуқ дорад аз харидор баргардонидани молро талаб намояд ё молро бо тартиби барои фурўши мавзўи гарав пешбинишуда фурўшад. Дар ин ҳолат маблағҳои аз фурўши мол бадастомада бо тартиби барои фурўши мавзўи гарав муқаррарнамудаи қонун тақсим карда мешаванд.
  3. Фурўшанда нисбати харидори моли фурўхташуда кредитори таъминшуда мебошад.
  4. Харидор ҳуқуқ дорад то фурўши мол ўҳдадориҳоро оид ба пардохти арзиши мол ё ҳамон қисме, ки иҷрои он ба таъхир гузошта шудааст, иҷро намуда, рўёндан аз ҳисоби онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад.”.
  5. Ба моддаи 645 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“5. Ба муносибатҳои тарафҳо оид ба шартномаи харида гирифтани молу мулки ба кироя гирифташуда қоидаҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ), ба истиснои муқаррароте, ки ба фурўшандаи мавзўи лизинг дахл дорад, татбиқ мегарданд.”.

  1. Ба моддаи 693 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

“3. Аз лаҳзаи додани объекти лизинг ба иҷорагир талаботи иҷорадеҳ объекти таъминшудаи лизинг эътироф мешаванд ва худи иҷорадеҳ бошад, кредитори таъминшуда эътироф мешавад.

  1. Иҷорагир ҳуқуқ дорад танҳо ҳамон қисми арзиши мавзўи лизинг, ки аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд аст, фурўшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд.”.
  2. Ба банди якуми қисми 1 моддаи 844 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“Дар ҳолати гарав, гузашти талабҳои пулӣ ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон навбати қонеъгардонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.”.

  1. Қисми 2 моддаи 879 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“2. Ҳангоми нокифоя будани маблағҳои пулии суратҳисоб барои қонеъгардонии тамоми талабҳои ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда, аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи тартиби зерин анҷом дода мешавад:

– дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рўи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд ва аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки интиқол ё додани маблағҳои пулиро аз суратҳисоб барои қонеъгардонии талабҳои ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст, инчунин талабҳо оид ба ситонидани алиментро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати дуюм аз рўи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта нашудаанд ва аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба шахси тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузаронӣ ё додани маблағи пулиро, инчунин оид ба пардохти мукофотпулӣ тибқи шартномаи муаллифиро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рўи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рўи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибқи тартиби навбати тақвимӣ.

Аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб тибқи талаботи марбут ба як навбат мувофиқи тартиби навбати тақвими ворид гардидани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад.”.

  1. Ба моддаи 892 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“4. Қабулкунандаи маблағ метавонад ҳуқуқҳои худро оид ба қабули пардохтҳо аз рўи аккредитив дар ҳолатҳои иҷрои ҳамаи шартҳои он мутобиқи шартнома гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд.”.

  1. Ба қисми 2 моддаи 934 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“Агар ба молу мулки аз рўи шартномаи комиссия бадастомада ҳуқуқҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати қонеъгардонии талаботи комитент, комиссионер ва шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.”.

  1. Ба моддаи 950 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“3. Агар ба молу мулке, ки аз рўи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ба даст омадааст, ҳуқуқҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати қонеъгардонии талаботи муассиси идора, сардори ваколатдор ва шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.”.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1558