Паёми Сарвари давлат дастурамали кори ҳамаи мову шумо

Санаи 23 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе» мулоқоти раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат бо кормандони он баргузор гардид.

Дар мулоқот дарҷ гардид, ки доир ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои он кас ҳамаи мо бо хабар ҳастем ва ин Паём дар шароите баён гардид, ки Тоҷикистон дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораҳои сиёсиву фарҳангӣ, алалхусус таҷлили 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ, интихоботи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифадоранд, ки баҳри пешравӣ ва осоиштагии Ватан тамоми қувват ва кӯшиши худро равона намояд.

Агарчи маҳаки асосии  ҳар  кишвар сиёсати закӣ ва иқтисодиёти пурқудрат бошад ҳам дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши таълиму тарбия ва дар ҳамин замина  ривоҷу равнақ ва  ҳимояи дастовардҳою арзишҳои миллӣ нигаронда шуда буд.

Ҳамзамон, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  бо мақсади иҷрои чорабиниҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оиди иҷроиши бандҳои дахлдори Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №599, «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо 2020-2030», ки ба  гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохўриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монда, баромад карда гуфтанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сола қонуну қарорҳо ва барномаҳои гуногун  қабул мешаванд, ба қонунҳо тағйиротҳо ворид мегардад.

Вазифаи  барномаи мазкур аҳли ҷомеа, хусусан, табақаи зиёиён  хабардор  намояд, ки Қонун ва Қаророҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дилхоҳ шахс, новобаста аз миллат, шахсият, табақаи иҷтимоӣ, дину диндорӣ, дахл дорад, чунки ин қонуну қарорҳо дар  саросари  кишвари мо амалкунанда ҳастанд. Надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарро истисно намекунад. Дилхоҳ масъала ва мунасибат дар қонун  дарҷ шудааст. Дониши ҳуқуқӣ ба фоидаи ҳар як инсон аст.

Зимни мулоқот инчунин раиси суд дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус, хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона баромад карданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: