Паёми табрикии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Бо эҳтироми беандоза Шумоёнро ба муносибати фарорасии қабули санади тақдирсоз, санади муайянкунандаи роҳи ҳаёти осоишта, 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, барору кушоиш, фатҳу музаффарият ва олитарин ормонҳои некро таманно дорам.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.  Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Ҳама пешрафту дастовардҳое, ки дар даврони истиқлол мардуми сарбаланди тоҷик ба он ноил шудаанд, маҳз дар асоси заминасозии қонунии Конститутсия муяссар гардидаанд.

Ҳар қадар, ки мо аз санаи қабули Конститутсияи кишварамон дур равем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садсолаҳо роҳнамои халқи мо ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта ва мутамаддин бошад, то давлати мо дар қатори дигар давлатҳои тараққикардаи дунё мақому мартабаи арзандаи худро дошта бошад.

 

Бо арзи эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат