Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!

Муҳтарам ҷавонони саодатманди кишвар! Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо – ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, сарбаландӣ, иқболи нек ва комёбиву пешрафтро таманно дорам.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонбинӣ, кирдору рафтор ва назари андешаи ҷавонони мо таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, ҳоло онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Мо итминон дорем, ки барои амалӣ гардидани ҳамаи иқдомҳои наҷибу ватандӯстонаи давлату ҳукумати Тоҷикистон ҷавонони мо бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеи муосир ва ҳисси баланди ватандӯстиву миллӣ муносибат мекунанд ва саҳми худро дар пешрафти давлат боз ҳам зиёдтар мегузоранд. Тавре Пешвои миллат қайд мекунанд: «Шумо – ҷавонон – умеду орзӯи мо, татбиқкунанлдагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед.»

Боиси ифтихор аст, ки масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор дорад ва Роҳбарияти Олии кишвар онҳоро ҳамчун қишри тақдирсоз эътироф кардааст.

Мо ҳамагон итминон дорем, ки ҷавонони хушбахти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ҳамеша нерӯи созандаву пешбаранда, ворисони асилу арзандаи гузаштагони бузургвори худ ва созандагони имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азиз хоҳанд буд. Бори дигар ба тамоми ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсти кишвари азизамон сулҳу оромӣ, пешравию комёбиҳо, рӯзгори осуда, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат