Риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. санаи 24 апрели соли 2019 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Муҳтоҷов Талабшо Амиршоевич, 13-уми феврали соли 1982 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе,  миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби се фарзанд, ҷои кор ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори қисми навбатдорӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Б.Ғафуров бинои 36/4, ҳуҷраи 41, бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати Муҳтоҷов Талабшо Амиршоевич барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Муайян карда шуд, ки Муҳтоҷов Талабшо Амиршоевич санаи 13-уми феврали соли 2019 дар тарабхонаи “Бухоро” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Д.Халқҳо бинои 47, ҷашни зодрӯзашро дар доираи рафиқонаш ва якчанд шиносҳои дигарашро даъват карда ин ҷашнро қайд гирифтааст, ки ин ҳолат бархилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тибқи муқаррароти ин меъёри қонун, ҷашни зодрўз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Муҳтоҷов Т. худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисобида аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ў ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз худиқрории Муҳтоҷов Т. гуноҳи ў бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Муҳтоҷов Талабшо Амиршоевичро бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, банду баст кард.

Суд вобаста ба содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур, шахсият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии амали содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Муҳтоҷов Т-ро ба назар гирифта, нисбаташ раводиди моддаи мазкур ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷ сад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба қарор тавассути ҳамин суд ба коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътироз намудан мумкин аст.