Ронанда ва кондуктори автомашинаи тамғаи «Мерсадес-спринтер» барои ҷинояти авбошиашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

11-уми марти соли 2021 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амирзода Т.Р., бо котибии  Муҳаммадҷонзода Д., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ намоянда аз прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нурматов Ф. дар маҷлиси ошкорои суд дар бинои суди ноҳия, парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳо:

  1. Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович, 13-уми марти соли 1987 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад, пеш суд нашудааст, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи С.Айнӣ,
  2. Баротов Муҳаммадсаид Иброимович, 11-уми апрели соли 1989 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби як фарзанд, пеш суд нашудааст, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи С.Айнӣ,

дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 237 қисми 2 бандҳои «а,б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтитошоти пешакӣ нисбати судшавандаҳо Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва Баротов Муҳаммадсаид Иброимович дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд:

Санаи 3-юми декабри соли 2020 тахминан соати 07-30 дақиқа судшавандаҳо Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва Баротов Муҳаммадсаид Иброимович ҳангоми дар автомашинаи иҷоравии тамғаи «Мерсадес-спринтер» рақами қайди давлатиаш 9341ТТ05 дар хатсайри 44 ба мусофиркашонӣ машғул шуда, Баротов Муҳаммадсаид Иброимович ҳамчун ронандаи автомашина ва Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ба ҳайси кондуктор фаъолият карда, шаҳрванд Шоҳинҷони Муҳаммадсаидро аз истгоҳи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе савор мекунанд. Баъдан дар наздикии бозори «Меҳргон», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Меҳнат расиданашон мусофир Шоҳинҷони М. аз Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович хоҳиш мекунад, ки ронанда автомашинаро боз дорад то ки дар ҷои лозимияш фарояд. Кондуктор Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович аз бародараш Баротов Муҳаммадсаид Иброимович хоҳиш мекунад, ки дар карони роҳ манъ кунад. Аз сабабе, ки автомашина дар қатори дуюми роҳ ҳаракат карданаш ронанда Баротов Муҳаммадсаид Иброимович дар ҷои гуфтаи мусофир Шоҳинҷони М. автомашинаро манъ накарда, аз ҷои гуфтаи мусофир тахминан 30-40 метр дуртар автомашинаро манъ мекунад. Мусофир Шоҳинҷони М. асабонӣ шуда, то манъ шудани автомашина суханашро дар бораи манъ намудани автомашина 2-3 маротиба  такрор карда, нисбати кондуктор Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович калимаи «ҚУЛ»-ро истифода намуда, мақсади аз автомашина фаромаданро мекунад, ки дар ин ҳолат Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович асабонӣ шуда, дашному ҳақорат карда, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад дағалона вайрон намуда, ба оромии мусофирон беэътиноӣ карда, бо мушт дар қисмати рухсораи чапи Шоҳинҷони М. зада ӯро аз дохили автомашина мефарорад. Ин ҳолати корро бародараш ронанда Баротов Муҳаммадсаид Иброимович дида аз сари чамбараки автомашина фаромада, ба назди Шоҳинҷони М. омада бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ бо бародараш Шоҳинҷони М.-ро зери лату куб қарор дода, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки дар натиҷа аз зарбаҳои бо мушту лағат задаи Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва бародараш Баротов Муҳаммадсаид Иброимович тибқи хулосаи эксперти тиббӣ-судӣ шаҳрванд Шоҳинҷони М. зарари миёна ба саломатӣ мебардорад.

Судшавандаҳо Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва Баротов Муҳаммадсаид Иброимович худашонро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашонро тасдиқ намуда, хоҳиш карданд, ки парванда мутобиқи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда баррасӣ карда шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ ва ҷабрдида низ бо тартиби соддакардашуда баррасӣ намудани парвандаро тарафдорӣ намуданд.

Ғайр аз худиқрории судшавандаҳо Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва Баротов Муҳаммадсаид Иброимович гунаҳгории онҳо дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “а,б” кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои хаттии қабати парванда исботи худро ёфт.

Суд ҷинояти содирнамудаи Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва Баротов Муҳаммадсаид Иброимовичро исботшуда ҳисобида, кирдори онҳоро бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зуроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зуроварӣ, боиси зарари миёна ба саломатӣ гардида ва аз ҷониби гурӯҳи шахсонро муқаррар намудааст, банду баст кард.

Моддаи 237 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар намудааст.

Суд бо мақсади барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав ва ислоҳи шахси ҷиноят содиркарда, лозим донист, Баротов Муҳаммадюсуф Иброимович ва Баротов Муҳаммадсаид Иброимовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «а,б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 (як ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 58 000 (панҷову ҳашт ҳазор)  сомонӣ  ба фоидаи давлат таъин кард.