СЕМИНАР-ТРЕНИНГ «ДАР МАВЗӮИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА КОР БО СОМОНАҲО»

Имрўз, санаи 8 апрели соли 2019 аз соати 09:00 то соати 16:00 дар толори меҳмонхонаи Гулистони шаҳри Душанбе бо иштироки раисони судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе,  котибони матбуотии судҳои ВМКБ, шаҳри Душанбе, суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар мавзўи ташкил ва баргузор намудани нишасти матбуотӣ бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ ва кор бо сомонаҳо» баргузор гардид.

Семинар-тренингро судя-стажер Шафо Беҳруз Назаралӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, сипас дар мавзӯи тартиби гузаронидани нишасти матбуотӣ, риоя намудани қойдаҳо ҳангоми гузаронидани нишасти матбуотӣ, тартиби гузаронидани шароити нишасти матбуотӣ, мазмун ва муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба ВАО баромад кард.

Дар қисми дуюми семинар-тренинг сардори маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Тураев Камолҷон Мавлонович вобаста ба сомонаҳои судҳо баромад намуда, баҳри беҳтар намудани сомонаҳо дастуру тавсияҳо дода, аз тарафи ширкаткунандагон таклифҳо пешниҳод гардид.

Дар идома бо иштирокчиён ва баромадкунандагони семинар-тренинг саволу ҷавобҳо гузаронида шуд.