Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

17 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду давлат атрофи натиҷаҳои 5-мин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли равон дар Душанбе доир гардид, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин зимн Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ нисбати ҳайати Россия дар пойтахти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил намудани саммити мазкурро таъкид кард.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

 

(хабар аз http://www.president.tj/node/20419 истифода шудааст)