СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ СУД БО ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии Соли нави 2021-и мелодиро ба Шумоён муборакбодӣ намуда, бароятон тандурустиву хушбахтӣ ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Соли 2020 барои мардуми шарафманди тоҷик воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол кишвари мо бо иқдомҳои созандаву бунёдкорона ва ибтикору ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастоварду пешравиҳои басо муҳиму назаррас дар самти расидан ба ҳадафи стратегии давлат оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардида, корҳои омодагӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар бо маром ҷараён гирифтанд.

Умед аст, ки соли 2021 низ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти кишвари азизамон талошҳои бунёдкоронаро бо садоқат ба давлату миллат идома медиҳанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, барои дигар фарорасии Соли нави мелодиро самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумоён сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва барои Ватани азизамон пешрафтҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.