Сухани табрикии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муносибати «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал»

Ҳамватанони азиз!

Бо самимият Шуморо ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи таъсисёбии худ дар лаҳзаҳои ҳассоси барои кишвар сарнавиштсоз, дар ҳифзу ҳимоя ва таъмини якпорчагии Ватани азиз нақши арзанда мегузорад. Бо шарофати садоқату фидокорӣ, хизматҳои шабонарўзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар ашхоси ватанпарасти мамлакат имрўз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Ба Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти пурмасъулияту пуршарафи хизматиатон барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбиҳои беназир таманно дорам.

Бо эҳтиром,

Сангинзода Ғайрат-раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе