Сухани табрикии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ-9 май»

Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамватанони азиз!

Ҷашни 76-умин солгарди «Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро шодбош гуфта, бароятон рўзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Торумор гардидани фашизм намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд оварда ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.

Бо ҳамин хотир рӯзи Ғалаба пеш аз ҳама рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳодӣ ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои ҷаҳон мебошад. Бинобар ин бори дигар ин рўзи хотирмонро муборакбодӣ намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошад ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.