Таҷрибаомӯзӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Санаи 24 феврали соли равон мулоқоти раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат бо донишҷуёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ҷаласа гузаронида шуд.

Донишҷӯёни мазкур тули як ҳафта мешавад, ки дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҷрибаомӯзии истеҳсолии хешро гузаронида истодаанд. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар робита бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳама сола аз ин муассисаҳо донишҷӯёнро барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ қабул мекунад.

Ба донишҷӯён нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идоракунии давлатӣ, тартиби таъсис ва фаъолияти ҳокимият судӣ, принсипҳои амалӣ намудани адолати судӣ, тартиби интихоб, таъин, озод ва бозхонди судя, тартиби гузаронидани мурофиаҳои судӣ, сохтори ҳокимияти судӣ, аз он ҷумла сохтори суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаҳмонида шуда, ҷаласа дар шакли саволу ҷавобҳо идома дода шуд.

Дар охири ҷаласа донишҷӯён ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории мулоқот: