Табрикоти НАВРӮЗӢ

Ҳамватанони азиз!

Фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат, соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик – Наврӯзи Аҷам муборак бошад.

Боиси хурсандист, ки моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳрасти осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуда ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ  21-мартро “Рӯзи байналмиллалии Наврӯз” эълон кард. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ва ваҳдати комили миллӣ истиқбол мегиранд.

Иди кӯҳани аҷдодиро муборакбодӣ намуда, бахту саодат, иқболи баланд, файзу баракат, саломатии бардавом, зиндагии неку осударо орзу менамоям ва дар роҳи хизмати содиқонаю покдилона ба халқу Ватан комёбиҳои беназирро хоҳонам

 

Раиси суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат