Табрикоти раиси суд бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»

Ҳамкасбон ва собиқадори мақомоти судӣ! Шуморо ба муносибати иди касбӣ – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» самимона муборакбодӣ намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф комёбӣ таманно дорам.

Судя шахси мансабдоре мебошад, ки барои ба амал баровардани адолати суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва интихоб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.

Мавлавӣ дар Маснавии маънавӣ ҳикоятеро бо ҳадафи ҳамешагӣ, яъне панду андарз ба сурати ғайримустақим меоварад: Ҳикояти фарде, ки бар маснади қазоват нишаста ва бими он дорад, ки оё метавонад аз ўҳдаи қазоват барояд ё хайр?! Мавлоно дар дили яке аз достонҳои баланд, достони қозиеро таъриф мекунад, ки аз дуруст қазоват накардан бим дорад ва нигарони он аст, ки натавонад хубиро аз бадӣ ва ростро аз дурўғ ташхис дода ва қазовати нобаҷо дошта бошад. Фардеро ба унвони қозӣ бар маснади қазоват гузоштанд ва ў гиря мекард. Ҷонишини ў бад-ў гуфт: эй қозӣ! Чаро гиря мекунӣ? Акнун, ки вақти гиряву зории ту нест, балки вақти шодмонӣ ва нишоти туст. Қозӣ ба ноиб посух дод: як одами мураддад чӣ гуна метавонад миёни ду нафаре, ки аз моҷаро огоҳ ҳастанд ва барои қазоват ба пеши қозӣ меоянд, қазоват кунад? Он ду нафар, ки алайҳи якдигар иддао доранд, аз моҷарои худ бохабар ва огоҳанд, вале қозии бенаво аз чӣ чиз хабар дорад? Қозӣ, ки нисбат ба аҳволи мутахосимайн бехабар ва ноогоҳ аст, чӣ гуна метавонад дар бораи хуну мол доварӣ кунад? Ноиб ба ў мегўяд: дуруст аст, ки ин ду муроҷиаткунанда ба моҷарои худ огоҳӣ доранд, вале дар айни ҳол дучори ғаразварзӣ ҳастанд. Ва дуруст аст, ки ту аз чигунагии моҷарои онон бехабарӣ, вале ту шамъи фурўзони ин мардум ҳастӣ, чаро ки ту дучори ғаразу нақсе нестӣ, ҳамин амр мояи равшании дидагони ботинии ту шудааст. Вале ғараз он ду шахсро кўр карда ва ғаразварзӣ, доноӣ ва илмашонро мадфун сохтааст. Беғараз будан нодониро ба доноӣ дигаргун месозад ва ҳамин ғараз доноиро воруна мекунад ва онро мояи ситамкорӣ месозад. Ин ҳикоя аз он гувоҳӣ медиҳад, ки судя шамъи фурўзони мардум бояд бошад, то битавонад баҳси онҳоро ҳал намояд ва “дар бораи хуну мол” доварӣ кунад.

Бо истифода аз фурсати мазкур боз ҳам ба Шумо ҳамкасбони азиз дар ин фаъолияти пурмасъулу пуршараф натиҷаҳои неку назаррасро таманно карда, баҳри пойдории ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва баланд бардоштани мақеи мақомоти судӣ комёбиҳоро орзумандам.

 

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.