Табрикоти раиси суди ноҳия бахшида ба фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни миллӣ, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан шодбош гуфта, некномиву некрӯзӣ, хушбахтиву пирӯзӣ таманно дорам.

Истиқлолият рамзи озодии миллат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи ватандориву ватандӯстии мо буда, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан устувор гардидааст.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Шумо баҳри ободиву осоиш ва гулгулшукофии давлати соҳибистиқлоли тоҷик бурдбориву комёбӣ, саодату иқболи накӯ ва тансиҳатӣ орзумандам.

Поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!

Бо камоли эҳтиром, Сангинзода Ғайрат — раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе