Табрикоти раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Модар – 8 март»

Бонувони меҳрубон !

Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст ва нахустин мактаби ҳаёт – мактаби Модар мебошад, ки инсоният  таҳти парастиш ва навозиши  ў  ба камол мерасад.

Самара ва баракати истиқлолият аст, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 8-март «Рўзи Модар» эълон гардида, аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлат бобати баланд бардоштани мартабаву мавқеи занон дар кишварамон шаҳодат медиҳад.

Дар оғози баҳори аҷам, ки чун Модар ҷонбахшу зиндагиофарин аст, бо камоли эҳтирому самимияти бепоён Шуморо бо Иди фархундаю фараҳбахши «Модар» табрику муборакбод намуда, бароятон хушрўзгориву хонаободӣ ва баракати зиндагиро орзу мекунам.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед!

 

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.