Табрикоти раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Ҳамдиёрони азиз!

Бо самимияти беандоза ҳамаи Шумоёро бо фарорасии бузургтарин дастоварди халқу миллати азизамон 23-юмин солагарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатии комил, умри дарози пурбаракат, саодати рўзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонам.

Ҷумҳурии мо таҳти роҳбарӣ ва сиёсати сулҳдўстонаю пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои мухталиф, сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва илму маориф ноил гардид.

Ҳамин санаи бузурги таърихӣ буд, ки имрўз мардуми ватандўсти тоҷик баҳри ободию пешрафти Ватани маҳбубамон камари ҳиммат бастааст.

Бигзор сулҳу Ваҳдат мақсаду мароми зиндагии тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон гардад!

 

Бо арзи эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.