Таъинот оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба Абдиев Азиз Азамович

18 марти соли 2019 раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Абдиева Фарангез Рауфовна нисбати Абдиев Азиз Азамович «дар бораи бекор кардани ақди никоҳ»-ро омӯхта, бо дастрасии моддаҳои 121, 229-230 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард:

Ҷавобгар Абдиев Азиз Азамович истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғанӣ Абдулло, хонаи 23 аз рӯи парвандаи оилавӣ бо даъвои Абдиева Фарангез Рауфовна нисбати Абдиев Азиз Азамович «дар бораи бекор кардани ақди никоҳ», ба соати 10:00 дақиқа, рӯзи 18 апрели соли 2019 ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе утоқи №1 барои иштирок дар мурофиаи судӣ даъват карда шавад.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, бинои 23 ҷойгир мебошад.

Дар сурати то 18.04.2019 сол, ҳозир нашудани ҷавобгар Абдиев Азиз Азамович даъватномаи судӣ ва аризаи даъвогӣ бо ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба тариқи ошкоро ба ӯ супоридашуда эътироф мегардад.

(матни пурраи таъинот аз 18.03.2019 сол)