Таъинот оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба Урунов Иброҳим Маруфович

Санаи 29 марти соли 2019 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. парвандаи оилавиро бо даъвои Урунова Меҳринисо нисбати Урунов Иброҳим Маруфович оиди бекор кардани акди никоҳ дида баромада, муайян кард:

Урунова Меҳринисо нисбати Урунов Иброҳим Маруфович дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки талаби даъво қонеъ карда шавад.

Суд барои ҷалб намудани ҷавобгар Урунов Иброҳим Маруфович ба баррасии парванда чораҳо андешида, ба нишонии ҷавобгар – шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 127 даъватномаи судӣ фиристонид, вале истиқоматкунандагони манзил аз қабули даъватномаи судӣ саркашӣ карда, изхор кардаанд, ки Урунов Иброҳим Маруфович ба Федератсияи Русия сафар намуда, айни замон ҷои зисташ маълум нест.

Суд бо назардошти ҳолати боло мувофиқи мақсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии ҷавобгар Урунов Иброҳим Маруфович оиди ошкоро супоридани даъвати судӣ аризаи даъвогӣ ва ҳуччатҳои замимашуда таъинот кабул намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии гражданин Ҷумҳурии Точикистон судя, таъин кард:

Ба ҷавобгар Урунов Иброҳим Маруфович даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда роҷеъ ба парвандаи оилавӣ аз рӯи даъвои Урунова Меҳринисо нисбати Урунов Иброҳим Маруфович оиди бекор кардани ақди никоҳ ошкоро супоридан эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуччатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шаҳодатномаи хатти никоҳ, маълумотномаи ҷои зисти даъвогар, нусхаи шиносномаи даъвогар дар ҳаҷми 5 варақ.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Урунов Иброҳим Маруфович ошкоро супоридашуда эътироф гардад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳо насб шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Урунов Иброҳим Маруфович парвандаи оилавӣ бо даъвои Урунова Меҳринисо нисбати Урунов Иброҳим Маруфович оиди бекор кардани ақди никоҳ дар ғоибии ҷавобгар баррасӣ карда шавад.

Баррасии парванда бо даъвои Урунова Мехринисо нисбати Урунов Иброҳим Маруфович оиди бекор кардани ақди никоҳ ба соати 10:00 дақиқа дар санаи 29 апрели соли 2019 мавқуф гузошта шавад.

Матни пурраи таъиноти суд дар гӯшаи эълонҳои бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе насб гардидааст.