Такроран дар ҳолати ретсидив бо истифодаи силоҳ содир шудани авбошӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Сангинзода Ғайрат, дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд 26 феврали соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Расулов Рамзиддин Ҷамолович-27 апрели соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, ҷои кор надорад, муҷаррад, қаблан ду маротиба суд шудааст: 1. бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе 25 майи соли 2016 бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум гардида, дар асоси талаботи моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст; 2. бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе 22 августи соли 2017 бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 6 моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардида, санаи 22 феврали соли 2018 пас аз адои ҷазо аз ҳабс озод шудааст, доғи судӣ дорад, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Чашмасор хонаи № 49, чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст, дар содир кардани ҷинояти пешбиникарда бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда, муайян кард, ки Расулов Рамзиддин Ҷамолович қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ маҳкум гардида, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят қарор дошта, такроран  ҷинояти авбошӣ бо истифодаи силоҳ содир кардааст ва инчунин аз ҳиссиёти авбошӣ ба саломатии ҷабрдида ҷароҳати вазинини ҷисмонӣ расонидааст.

Расулов Р.Ҷ. санаи 24 декабри соли 2018 соатҳои 19 бо хабари телефонии рафиқаш аз баҳри пуштгирии манфиатҳои рафиқонаш ба хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, назди боғи истироҳатии С.Айнӣ ҳозир шудааст. Баъдан ӯ назди бинои рақами 172, дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе, дар ҷои ҷамъиятӣ аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба ҷамъият беҳурматӣ зоҳир намуда, бо Қурбонов Фаридун Алишерович, ки бо сабаби чанде пеш дар ҳудуди боғи мазкур лату куб шудани додараш Тураев Олимҷон Назарович он ҷо омада буд, луқмапартоии беасос менамояд ва иброз медорад, ки охирон метавонад дар ин хусус бо ӯ саволу ҷавоб намояд. Минбаъд Расулов Р.Ҷ. тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷабрдида ва додаронашро даҳонӣ дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, аз танааш корди бо худ доштаашро берун карда, аз ҳиссиёти авбошона, бо истифодаи силоҳ қасдан ба қисмати китфи дасти чапи Қурбонов Ф.А. як маротиба зарба зада, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад ва бо мақсади дастгир нашудан аз ҷониби кормандони милитсия як шабонарӯз дар хонаи шиносаш дар мавзеи фурудгоҳи шаҳри Душанбе пинҳон мешавад. Расулов Р.Ҷ. санаи 25 декабри соли 2018 аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда мешавад. Дар натиҷаи ҳаракатҳои авбошонаи Расулов Р.Ҷ. ба ҷабрдида ҷароҳати вазини ҷисмонӣ расонида мешавад.

Судшаванда Расулов Р.Ҷ. дар мурофиаи судӣ худашро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва бо моддаи 110 қисми 2 банди «к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор нашуморида, ваҷҳ пеш овард, ки ҷароҳатҳои ҷисмонии расонидааш набояд дараҷаи вазнин дошта бошанд, зеро ҳамагӣ пас аз якчанд рӯз саломатии ҷабрдида барқарор шудааст. Аз карда пушаймон мебошад.

Гунаҳгории судшаванда Расулов Р.Ҷ. дар содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ба гуноҳаш қисман иқрор будани судшаванда, бо нишондоди ҷабрдида, шоҳидон ва далелҳои дигари аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоварда тасдиқ гардид.

Ҳамин тавр, суд ҷинояти содирнамудаи Расулов Р.Ҷ.-ро исботшуда ҳисобида, кирдори ӯро барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ки такроран бо истифодаи силоҳ содир шудааст ва моддаи 110 қисми 2 банди «к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ва он аз ҳиссиёти авбошона анҷом дода шудааст, тасниф кард.

Суд вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо принсипи фардикунондани ҷазо, хусусияту  дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, холатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшаванда ба инобат гирифта, Расулов Рамзиддин Ҷамоловичро бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ чунин ҷазо таъин кард:

-бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 (панҷ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ.

-бо моддаи 110 қисми 2 банди «к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 (ҳашт) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ.

Мутобиқи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Расулов Рамзиддин Ҷамолович ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.