Тозагӣ гарави саломатист…

Ҷиҳати дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ бобати дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани «Наврӯз» ва сазовор пешвоз гирифтани “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 8 феврали соли равон роҳбарият, судяҳо ва кормандони дасгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба тоза кардани гирду атрофи бинои суд  баромаданд.

Қайд карда мешавад, ки вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пеш омадаистода ҳар ҳафта дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи шанбегӣ ва ҳашар эълон карда шудааст. Вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пешомада кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омодагии ҷиддӣ дида истода, шиорҳо дар бинои суд овезон шудааст.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории шанбегӣ: