Вайрон кардани «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Сангинзода Ғайрат, бо котибии Рӯзафзуни Шодмонрух, бо иштироки ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе Камолзода Фарзона  дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд 29 октябри соли 2019 бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:

Наимов Суҳроб Иброгимович-16 ноябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, ҷои кор надорад, оиладор соҳиби се нафар фарзанд, қаблан суд шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби тафтишоти пешакӣ нисбати Наимов С.И. дар чунин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд:

Наимов Суҳроб Иброгимович чун ронандаи автомашина ҳангоми ҳаракат «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро вайрон намуд, ки натиҷааш рух додани садама ва ҷароҳати дараҳаи миёна бардоштани ҷабрдида Караматуллаева Руқия Салямовна-14 апрели соли 1950 санаи таваллудаш  шудааст.

Наимов С.И. санаи 26 августи соли 2019, тахминан соати 13.30 дақиқа автомашинаи тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 96-43 РР 01-ро, ки дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошт идора карда, бо роҳи рости мошингарди мумфарши сатҳи болоияш хушку бенуқсони кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти кӯчаи Пӯлодӣ бе бор ва мусофир бо суръати тахминан 30-40 км\соат ҳаракат кардааст. Ӯ ҳангоми ҳаракат дар наздикии бинои маркази савдои «Ашан» талаботи бандҳои 95, 99-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро вайрон намудааст, ки мувофиқи онҳо «пеш аз тобхӯрӣ, гардиш ба дасти чап ё рост ронанда вазифадор аст ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеъгӣ ва хатар эҷод накунад, хатти дахлдорро дар канори қисми мошингарди роҳ, ки барои ҳаракат ба самти додашуда пешбинӣ шудааст, ишғол намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки гардиш ҳангоми воридшавӣ ба чорроҳа ва баромадан аз он дар ҷойҳое анҷом дода мешавад, ки ҳаракати давродавр ташкил карда шудааст, инчунин дар ҷойҳое, ки самти ҳаракат бо қисми мошингарди роҳ бо аломатҳои ва ё нишонаи уфуқии роҳ муайн карда шудаанд». «Ҳангоми гардиш ба дасти чап ё тобхӯрӣ берун аз чорроҳа ронандаи воситаи нақлиёти вазифадор аст, ки ба воситаҳои нақлиёти аз самти муқобил омада истода роҳ диҳад», иҷро накарда, ронанда Наимов С.И. беэҳтиётӣ ва худбоварӣ зоҳир намуда, хаттҳои нақлиётии самтҳои муқобил ҷудомекардаи роҳи мошингард, яъне хатҳои уфуқии 1.3-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро бурида, лаҳзаи гардиш ба тарафи дасти чап бо автомашинаи тамғаи «Шевролет-Оптра», рақами қайди давлатиаш 71-20 АМ01, таҳти идораи ронанда Ашуров Шуҳрат Абудулвоҷидович, ки бо роҳи худ аз самти кӯчаи Лоҳутӣ ба самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо ҳаракат менамуд бархӯрдааст. Дар натиҷаи содиргардии садамаи нақлиётии мазкур мусофири дохили автомашинаи Шевролет-Оптра», рақами қайди давлатиаш 71-20 АМ01, Караматуллаева Руқия Салямовна, 14 апрели соли 1950 санаи таваллудаш ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Судшаванда Наимов С.И. худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 1-и К Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, мутобиқи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кард, ки баррасии парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» № 1648 аз 25.10.2019 сол пешбурди парванда қатъ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад. Ҷабрдида Караматуллаева Р.С. ва даъвогари гражданӣ Ашуров Ш.А. ин хоҳишро ҷонибдорӣ карда, иброз намуданд, ки нисбати судшаванда даъво надоранд, зеро  аз ҷониби судшаванда маблағи зарари ба саломати расонидашуда ва маблағи таъмири автомашина талофӣ карда шудааст.

Суд, дар асоси таҳлили якҷояи далелҳои дар вақти тафтишоти пешакӣ ҷамъовардашуда ба хулоса омад, ки судшаванда дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи моддаи 212 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил, ки натиҷааш рух додани садама ва аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштааст, гунаҳгор мебошад. Бо қайди ин ҳолатҳо кирдори судшаванда аз ҷониби суд бо моддаи 212 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда мешавад.

Ҷинояти мазкур то лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» № 1648 аз 25.10.2019 сол содир шудааст. Мутобиқи моддаи 6 сархати якуми Қонуни мазкур «пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаҳои 1, 2, сархатҳои 7,9 ва 10 моддаи 3 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд, қатъ карда шаванд».

Наимов С.И. аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудааст, ки ин ҳолат дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» № 1648 аз 25.10.2019 сол зикр гардидааст. Маҳдудиятҳои татбиқ накардани талаботи моддаи 6–и Қонуни мазкур, ки дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» № 1648 аз 25.10.2019 сол оварда шудаанд, нисбати Наимов С.И. татбиқшаванда нестанд.

Бо қайди ин ҳолатҳо суд лозим донист, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Наимов Суҳроб Иброгимович дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 сархати якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» № 1648 аз 25 октябри соли 2019 қатъ карда шуда, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба таъинот дар мӯҳлати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи бароварда шуданаш тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ё эътирози хусусӣ пешниҳод намудан мумкин аст.