Вокуниш ба мақолаи Хубоншоев П.Ю., ки дар сомонаи иҷтимоии Facebook дар мавзӯи «Қонунҳо ҳама поймол аст!» «Мо ғуломи судҳо шудем?» нашр шудааст

Дар сомонаи иҷтимоии «Facebook» дар гурӯҳи «МО ТОҶИКИСТОНИЁН» санаи 20 майи соли 2019 мақолаи Хубоншоев П.Ю. такроран дар мавзӯи «Қонунҳо ҳама поймол аст!» «Мо ғуломи судҳо шудем?» нашр гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009 таҳти №622:

Санаи 07 феврали соли 2019 суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи гражданиро бо даъвои Хубоншоев Парвиз Юревич нисбати Хубоншоев Артём Юревич ва Хубоншоева Раиса Ҳамидовна дар бораи вориси ношоиста эътироф намуда ва маҳрум кардан аз мерос аз рӯи қонун ва васиятнома, даъвои иловагии Хубоншоев Парвиз Юревич дар бораи беэътибор донистани васиятнома ва шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома ва аризаи даъвогии Хубоншоева Раиса Ҳамидовна нисбат ба Хубоншоев Парвиз Юревич ва Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бораи бекор кардани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун баррасӣ намуда, даъвои Хубоншоев П.Ю.-ро бинобар беасос буданаш рад кард ва аризаи даъвогии Хубоншоева Р.Ҳ.-ро қонеъ кардааст.

Вобаста ба баҳси мазкур санаи 12 марти соли 2019 ба пешбурди суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Хубоншоев П.Ю. ворид шуда буд.

Ваҷҳои дар мақола омада дар хусуси ҳавасмандии судя дар ҳалли баҳс ба манфиати Хубоншоева Р.Ҳ. ҷолиби қабул намебошад.

Санади судӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст ва он ба тарафҳои баҳс супорида шудааст. Парванда аз рӯи шикояти кассатсионии мазкур барои баррасӣ ба суди шаҳри Душанбе ирсол гардида, бо қарори кассатсионии суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.