Зӯроварӣ дар оила пешгирӣ карда шуд

Санаи 11 марти соли 2019 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Оймаҳмадов Суҳроб Меликович, 30 октябри соли 1977 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе кўчаи Н.Додихудоев 2/2, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, муайян кард:

Оймаҳмадов Суҳроб Меликович дар таърихи 04 марти соли 2019 соати 15-00 дақиқа дар шаҳри Душанбе кўчаи Н.Додихудоев хонаи 2/2 қарор доштанаш дар ҳолати мастӣ ҳамсараш Қодирова Малоҳат ва падару модарашро бе ягон асос суханҳои қабеҳ ва зӯроварӣ намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оилаашро поймол намудааст, ки нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бо ин кирдори худ Оймаҳмадов Суҳроб Меликович ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки он дар моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ ё иқтисодӣ содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, содир намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Оймаҳмадов Суҳроб Меликович дар рафти мурофиаи судӣ худро пурра гунаҳгор шуморида, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде ҳуқуқвайронкунанда Оймаҳмадов Суҳроб Меликович ба гуноҳаш иқрор бошад ҳам, гунаҳгории ў дар содир намудани ҳамин кирдор бо маводҳои пешниҳодшуда тасдиқи худро ёфт.

Кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Оймаҳмадов Суҳроб Меликович бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ ё иқтисодӣ содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст карда шуд.

Судя ҳолатҳои дар боло зикргардидаро ба инобат гирифта лозим донист, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда Оймаҳмадов Суҳроб Меликович бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4  (чор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 220 (дусаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.