Зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама як сафем

Таҳти «Зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама як сафем» нимаи аввали рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ доир гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси суд, муовинони раис, судяҳо ва кормандони суди ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст, раиси суд – Сангинзода Ғайрат маҷлиси мазкурро кушода, қайд карданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр – «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эътироф карда шудааст. Мақсад аз ин рӯз ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эътироф гардидан бешубҳа аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонбозиҳои Пешвои маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдориву барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Бо баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлат дар шароити хатари парокандашавӣ қарор дошт, Сарвари маҳбубамон тавонист давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид намуда, ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намояд.

Натиҷаи чунин дастовардҳост, ки дар маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар Пешвои муаззами миллат чун ҳомии Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандон интихоб гардиданд.

Сипас, Ҳамидзода Муҳаммадҷон – судяи суди ноҳия дар мавзӯи «Нақши Президент дар таҳкими ҳокимияти

судӣ» баромада намуда, қайд карданд, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ ба маротиб афзуд. Пеш аз ҳама дар сатҳи Конститутсия ба ҳайси яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ пазируфта шудани ҳокимияти судӣ яке аз бузуртарин ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мустаҳкам намудани тамоми ҷабҳаҳои мақомоти судӣ мебошад. Минбаъд низ дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳтар кардани низоми мақомоти судӣ, баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва мустақилияти судяҳо хеле назаррас мебошад. Махсусан қабули Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 маротиба бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумлаи иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар танзими ҳуқуқии фаъолияти судӣ ва беҳдошти шароити корӣ ва зиндагии судяҳо таъсири калони мусбӣ гузоштанд. Мунтазам бунёди биноҳои нави хизматӣ, зиёд намудани шумораи кормандони дастгоҳи судҳо ва судяҳо, ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, таъмини шароити мусоиди зист барои судяҳои

эҳтиёҷманд, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти судӣ, ки қариб ҳама рўза ба чашм мерасанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки пешрафту шукуфоии ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери назорати роҳбарияти Олии мамлакат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Месазад, ки ҳама сола тамоми кормандони ҳокимияти судӣ бо ифтихору шодкомӣ рўзи 16-уми ноябрро ҳамчун рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гиранд.

Бо ҳамин маҷлиси мазкур дар шакли маъруза кардани иштирокчиёни ҷаласа давом дода шуда, дар охир ҳайати кормандон ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, баҳри беҳтару хубтар намудани фаъолияти мақомоти судӣ даъват ба амал оварда шуданд.