Бигзор Парчами ваҳдати миллии Тоҷикистон то ҷовидон парафшонӣ намояд!

Ба истиқбол соҳиб гаштани Тоҷикистон дар таърихи миллати соҳибтамаддуни тоҷик марҳилаи нави давлатдориро оғоз намуд, ки ҳар як саҳифаи таърихи бисту нӯҳсолинаи соҳибистиқлолии кишварамон бо номи фарзанди шоиста, марди соҳибватан, меъмори сулҳу ваҳдат ва бо маънои том эҳёгари давлати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон худ гувоҳӣ медиҳад, ки рӯзҳои авали ба сари давлат омадан, ин шахсияти нотакрор тамоми ҳастии худро барои пойдор кардани сулҳу ваҳдат ва созандагиву ободии кишвар бахшидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки Тоҷикистонро ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ фаро гирифта, хавфи аз байн рафтани давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, ба сари қудрат омад ва дар рӯзи нахустини ба арсаи роҳбарӣ омадан бо хитобаи «Ман ба Шумо сулҳ меорам» муроҷиат намуда буд. Дарёфти сулҳу оромӣ он замон маънои идомаи ҳаёт ва бақои давлату истиқлолро дошт. Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин оғози наҷоти миллат аз парокандагӣ, сулҳу ваҳдат, давлатдории миллии тоҷикон буд.

Қадами дуюм дар бунёди давлатдории миллӣ ин таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба муборизаҳо барои сохти давлатдорӣ хотима бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълон намуд. Аҳамияти қабули Конститутсия аз он иборат аст, ки Истиқлолияти давлатии кишварро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда, ҷомеаро муттаҳид сохт.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо наздик 1000 сол қабл давлатдории миллиро аз даст дода буд. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат дар ин ҷода аз он иборат аст, ки услуби давлатдории мустақили миллиро на танҳо эҳё, балки аз нав эҷод карда, ба мактаби давлатдории миллӣ асос гузоштанд. Гузашта аз ин Сарвари тоҷикон дар бунёди давлатдории муосир сохти дурусти давлатдориро интихоб намуда буданд, ки ин ҳам сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, он дар моддаи аввали Конститутсияи кишвар сабт ёфтааст. Сарвари давлатамон таъкид намуданд, ки «муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустин Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем».

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Қадами сеюм дар бунёд ва рушди давлатдории миллӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 буд, ки тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба фаъолияти Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буда, идомаи мантиқии талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат баҳри расидан ба сулҳу субот буд. Аҳамияти таърихии имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз он иборат аст, ки ба шарофати сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии давлатдории худ-давраи созандагӣ, бунёдкорӣ қадам гузошт. Ба шарофати расидан ба сулҳ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, имрӯз кишвари моро ҳамчун як воҳиди том ба доштани забону фарҳанги миллӣ, гузаштаи ҳазорсолаи таърихӣ ва дигар рукнҳои шоистаи як давлати хос беш аз 150 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст.

Таҳкими демократия, таъмни рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шарофати Сарвари давлат даст дода, арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳифз гардиданд. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи ҳукумати мамлакат аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, Тоҷикистон ба марҳилаи рушд ворид гардид ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуд. Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол афзуда, зиёд шавад. Даромади буҷети давлатӣ низ зиёд гардида, даромади аҳолӣ афзоиш ёфтааст. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуда, ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатии мардум гардид, ки ин аз рушди устувори мамлакат шаҳодат медиҳад.

Мо доир ба Ваҳдати миллӣ чӣ қадар сухан гӯем кам аст, танҳо ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохтанд ва фарҳанги сулҳофариро пеша карданд, бо эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба музокироти сулҳ ташаббус нишон доданд. Хидмати беандозаи Пешвои миллат буд, ки дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандориву ватаншиносӣ рушд ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёди фарҳангофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукӯҳ таҷлил гардида, рӯзгор ва аҳвол, инчунин осори гаронбори онҳо мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор гирифт.

Заҳмату меҳнат ва иродаи қавии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари азияткашида ва кулфатдидаи мо имрӯз ба Ваҳдати миллӣ расид ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми сарбаланди мо Ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз ва гиромӣ медоранд. Орзу дорам, ки ягонагии рӯҳию маънавии ҷомеа пойдор бошад ва Тоҷикистони тозаистиқлоли мо ба дастовардҳои бештар ва шоистаи иқтисодӣ, иҷтимоию истеҳсолӣ, илмию фарҳангӣ ноил гардида, бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ дар ҷомеаи ҷаҳони муосир дар радифи кишварҳои мутараққии дунё қарор гирад. Бигзор Парчами Ваҳдати миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҷовидон парафшонӣ намояд!

 

Нурализода Сафар Маҷид – муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

(Мавзӯи мазкур дар маҷаллаи тоҷикони ҷаҳон нашр гардидааст)