Нақши Президент дар таҳкими ҳокимияти судӣ
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ ба маротиб афзуд. Пеш аз ҳама дар сатҳи Конститутсия ба ҳайси яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ пазируфта шудани ҳокимияти судӣ яке аз бузуртарин ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мустаҳкам намудани тамоми ҷабҳаҳои мақомоти судӣ мебошад. Минбаъд низ дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳтар кардани низоми мақомоти судӣ, баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва мустақилияти судяҳо хеле назаррас мебошад. Махсусан қабули Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 маротиба бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар танзими ҳуқуқии фаъолияти судӣ ва беҳдошти шароити корӣ ва зиндагии судяҳо таъсири калони мусбӣ гузоштанд. Мунтазам бунёди биноҳои нави хизматӣ, зиёд намудани шумораи кормандони дастгоҳи судҳо ва судяҳо, ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, таъмини шароити мусоиди зист барои судяҳои эҳтиёҷманд, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти судӣ, ки қариб ҳама рўза ба чашм мерасанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки пешрафту шукуфоии ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери назорати роҳбарияти Олии мамлакат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Месазад, ки ҳама сола тамоми кормандони ҳокимияти судӣ бо ифтихору шодкомӣ рўзи 16-уми ноябрро ҳамчун рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гиранд.
Ҳамидзода М.М.-судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе