Маҷлиси идона ба муносибати «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 феврал»
Нимаи дуюми рўзи 22 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 феврал» бо ишроки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Самӣ Шариф, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Иброҳимзода Абдураҳим, муовини сардори ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ботуров С. ва дигар фаъолони ноҳия маҷлиси идона ба муносибати «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 феврал» доир гардид.