Хониши идоравӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи суд
Нимаи аввали рўзи 6 майи соли ҷорӣ бо иштироки раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд семинари навбатӣ ба роҳ монда шуда, дар он судя Ҳамидзода М.М. дар мавзӯи «Омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карда, қайд намуд, ки баргузории семнари имрӯза дар роҳи инкишофи дониши назариявии иштирокчиёни семинар муфид мебошад. Мавзӯе, ки зимни баргузории семинар мабраҳ мешавад, бешубҳа масъалаи муҳиму рўзмара ба шумор меравад. Давлати мо дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ дар тӯли солҳои истиқлолият ба натиҷаҳои муайян ноил шуд. Яке аз дастовардҳо ин Конститутсия мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлол мебошад.
Дар тӯли таърихии инкишофи худ Тоҷикистон дар умум панҷ маротиба Конститутсия қабул кардааст, ки ин солҳоро дар бар мегирад:
- соли 1929
- соли 1931
- соли 1937
- соли 1978
- 6 ноябри соли 1994
Конститутсияи охирин санади тақдирсоз ном дорад, ки қабули он ҳадафи стратегии Тоҷикистон гардид. Конститутсияи охирини Тоҷикистон асосан 2 ҳадафи муҳимро мебоист иҷро намояд:
1.Ҳарчи зудтар хотима гузоштан ба низои байни тоҷикон ва таъмини сулҳу субот дар кишвар.
2.Таъмини асосҳои ҳуқуқии ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт.
Ҳамчунин ба ғайр аз ин мақсади қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар дебочаи он қайд карда шудааст.
Бо ҳамин тартиб семинари мазкур дар шакли саволу ҷавобҳо давом дода шуд.