Пешгирӣ аз парокандашавии оила яке аз вазифаҳои асосии суд

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ ҳарчанд чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида бошанд ҳам, аммо то ҳол дар масъалаи оила ва оиладорӣ номуросогӣ, рафторҳои ношоиста, зӯроварӣ нисбат ба зан, ҳамдигарнофаҳмӣ ва ба ин монанд мушкилиҳо дида мешаванд ва фарзандони аксар оилаҳои мавриди хушунат қароргирифта дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ қарор мегиранд.

Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарорҳои Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосии давлат мебошад, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ «Оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият» эътироф намуда, давлат онро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Баҳри ҳимояи оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  03 феврали соли 2015 таҳти №352 «Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила» қабул шуда буд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ тадбирҳо андешида истодааст. Мисоли равшанро аз таҷрибаи судӣ оварда метавонем.

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амирзода Т.Р. дар мурофиаи ошкорои судӣ дар бинои суд худи ҳамин сол, парвандаи оилавиро бо даъвои шаҳрванд А.А. ба шаҳрванд Б.Б. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки шаҳрванд А.А. бо ҷавобгар Б.Б. соли 2014 сол оила барпо намуда, ақди никоҳашон дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта, аз зиндагии якҷояашон соҳиби ду фарзанди муштарак гардидаанд. Сабаби бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудани шаҳрванд А.А. дар он будааст, ки аз саршавии хонадоршавиашон хислатҳояшон бо ҷавобгар мувофиқ наомада ва онҳо аз соли 2015 инҷониб аз ҳам ҷудо зиндагонӣ намуда истодаанд. Ӯ мақсади барқарор намудани муносибатҳои оилавиашро надоштааст. Ӯ ва ҷавобгар чунин мешуморидаанд, ки оилаи онҳо барҳам хӯрдааст ва имконияти барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ ҷой надоштааст. Бинобар ин аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи ӯ ва ҷавобгар Б.Б. бе додани мӯҳлати оштишавӣ, бекор карда шавад.

Дар навбати худ ҷавобгар Б.Б. бо изҳори норозигӣ ба суд муроҷиат намуда қайд кардааст, ки ӯ бо даъвогар бо розигии мустақилонаи якдигар бе дахолати шахси сеюм оила барпо намудаанд. Дар ҳақиқат аз зиндагонии якҷояшон бо даъвогар А.А. соҳиби ду фарзанди муштарак ҳастанд. Дар асл муносибати оилавии онҳо хуб буда, бо дахолати хонаводаи даъвогар зиндагонии онҳо вайрон гардидааст. Ӯ намехоҳад, ки оилааш вайрон гардад. Даъвогар мехоҳад ӯ ва фарзандонашро бе сабаб партофта, бо мақсади ҳавас бо дигар зан зиндагонӣ намояд. Муносибати онҳо гӯё соли 2015 вайрон гардидааст, ки ин дурӯғ будааст, зеро фарзанди хурдии онҳо соли 2018 тавалллуд шудааст. Бинобар ин аз суд хоҳиш намудааст, ки аризаи даъвогӣ бинобар бе асос ва дурӯғ буданаш рад карда шавад.

Даъвогар А.А. дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогиашро дастгирӣ карда, илова намуд, ки сабаби бекор намудани ақди никоҳ, ин ноҳурматии ҷавобгар нисбати ӯ будааст, онҳо муддати чор сол инҷониб бо ҳам муносибат надошта хоҷагии умумиро пеш намебаранд ва имконияти барқарор намудани оилаи онҳо намондааст.

Ҷавобгар Б.Б. дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогиро эътироф накарда, илова намуд, ки ӯ хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро надорад, бинобар ин аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ рад карда шавад.

Мутобиқи тавзеҳоти банди 10 Қарори №10 Плениуми Суди Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз 29-майи соли 2003 «Дар бораи таҷрибаи судӣ аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани никоҳ» ва дар асоси мазмуни моддаи 22  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки ваҷҳҳои аниқ тасдиқ нагардидаи хоҳиш надоштани ҳардӯи ҳамсар оид ба давом додани ақди никоҳ барои бекор кардани никоҳ асоси кофӣ ҳисобида намешавад.

Танҳо пас аз муқаррар кардани он, ки зиндагонии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир буда, оилаи онҳо қатъиян пароканда гардидааст, суд ҳуқуқ дорад талаботи бекор кардани ақди никоҳро қонеъ гардонад.

Бо далелҳои дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардида ва пеш аз ҳама бо шунидани баёноти тарафҳо муқаррар гардид, ки зиндагии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оилаи онҳо имконнопазир нагардидааст.

Далели тасдиқкунанда, ки оилаи тарафҳо қатъиян пароканда нагардидааст ва зиндагии якҷояи минбаъда ва нигоҳ доштани оилаи зану шавҳар имконпазир аст, инчунин бо маводҳои парвандаи мазкур ифода меёбад.

Бинобар ин, суд бо мақсади барқарор кардани оилаи тарафҳо ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғи онҳо, ки ҷудо шудани волидонашон ба ҳолати руҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва дар оянда баҳри таълиму тарбияаашон иштирок намудани ҳам падар ва ҳам модар зарур буда, дар оилаи солим тарбия ёфтани онҳоро лозим шуморид, ки даъворо бинобар беасос буданаш рад намуд.

 

Амирзода Т.Р.– судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

(ному насаби даъвогар ва ҷавобгар дар ихтиёрдории суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарор дорад)