ҶАМЪОМАДИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН БАХШИДА БА ҶАШНИ “НАВРӮЗ”

Санаи 20.03.2024 дар Суди ноҳия ҷамъомади ҳайати кормандон бахшида ба ҷашни “Наврӯз” баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони Суд  иштирок доштанд.

Ҷамъомади мазкур бо сухани ифтитоҳии раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ – муҳтарам Кабирзода Сарфароз Мизроб оғоз гардида, баъдан судяҳои Суди ноҳия перомуни ҷашни бошукуҳи “Наврӯз” андешаҳои худро баён доштанд.

Аз ҷониби раиси Суд қайд гардид, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.

Дар рафти ҷамъомад судя Ҳамидзода М.М. оид ба ҷашни “Наврӯз” ва нақши он дар шинохти фарҳанги милли тоҷикон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки “Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия” ва “Ат-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ, “Ал-маҳосин-вал-аздод”-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Чунончи дар асари машҳури Умари Хайём – “Наврӯзнома” роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: “…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд”.

Инчунин судя Искандарзода М.З. роҷеъ ба ҷашни “Наврӯз” суханҳои танинандоз гуфта, шукуҳи манзалати ин ҷашни фархундапайро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси посдории ҷашни ниёгон номид. Аз ҷумла қайд гардид, ки фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура. андешаҳои мардумӣ анънаҳои миллӣ, маорифи динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шакл ёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию  кайҳоншиносӣ таҷассум меёбад,ки онҳоро тавассути  таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбиру  таъвил ва арзёбӣ намудан мумкин аст. Ба ин маънӣ, ягон миллат хеҷгоҳ ба як наслу ду насл ташаккул нахоҳад ёфт. он аз силсилаи пайвастаи наслҳое иборат мебошад, ки дар таьрих баробари созмонҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ниҳодҳои  фарҳангию маърифатӣ таҷассуми ҳувияти миллӣ ва мардумии ҳар як халку миллат арзёбӣ  мешавад. Наврӯз  аз  зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида,ба қавле пайдоиши он ба замони  ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое  ҳам  роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам  меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли нав низ қаламдод мешавад.

Дар фарҷоми ҷамъомад раиси Суди ноҳия ҳамаи кормандони мақомотро ба ифтихори ҷашни фархундаи “Наврӯз” табрик намуда, ба онҳо тани сиҳат, иқболи баланд, осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракати рӯзгорро таманно намуданд.