Ҷашнгирии Наврӯзи ҷаҳонӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Санаи 22 марти соли равон, соати 19 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони Душанбешаҳр чорабинии фарҳангию фароғатии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе доир гардид. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо рӯҳи болидаву табъи баланд иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, сипас тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат ва ҳаваскорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.
(сабтҳо аз ҷараёни баргузории чорабинии мазкур)