Аз ҷониби кормандони суд баргузории суҳбату вохуриҳо бо хонандагон дар Муассисаи таълимии Литсеи № 5 шаҳри Душанбе
Санаи 13.05.2023 соати 11:00 аз ҷониби судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Одиназода М.Ҷ., котиби суд Давлатзода Ҷ, ҳамзамон Фирузи Султонзода муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон дар «Муассисаи таълимии Литсеи № 5» шаҳри Душанбе суҳбату вохуриҳо оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузаронида шуд.