Аз ҷониби зан содир шудани авбошӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Ҳамидзода М. санаи 12.02.2019 сол дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҷиноятиро нисбати Джумаева Дилфуза Розикулиевна, 31 майи соли 1990 санаи таваллудаш, зодаи Ҷумҳурии Туркманистон, миллаташ туркман, забони тоҷикиро медонад, шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, бекор, донишҷуйи бахши 3-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, оиладор, соҳиби як фарзанд, бе ҳизб, пеш суд нашудааст, ҷойи истиқоматаш шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, хонаи 13, ҳуҷраи 53 бо моддаи 237 қисми1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ санаи 12 декабри соли 2018 тахминан соати 15:20 дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Л.Толстой, шаҳри Душанбе, дар пуштибинои Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон қарор доштанаш бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар бе эҳтиромӣ нисбат ба ҷаъмият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон алоқаманд мебошад, бо шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон Нарсахатова Гулмира Нарсахатовна муноқиша карда, нисбати номбурда дашномҳои қабеҳ додааст. Джумаева Д. кирдори авбошонаи худро давом дода, аз гиребони Нарсахатова Г. қапида сахт ба ҷониби худ кашида, бо дасти чапаш якчанд маротиба дар қисмати рӯи ӯ ва бо пои чапаш як маротиба дар қисмати байни пойҳояш зарба зада, аз ин  ором нагардида бо ду дастонаш аз мӯи сараш қапида сахт кашида ба дигар тараф тела додааст, ки дар натиҷа номбурда ба замин афтида, аз замин бархеста аст ва боз бо пои росташ як маротиба дар қисмати шикамаш зарба зада боз бо дастонаш аз мӯи сараш қапида якчанд маротибаи дигар зада ба замин афтодааст, аз ин амалҳояш қаноат накарда, бо лағат якчанд маротибаи дигар дар узви баданаш зарба зада ба огоҳии атрофиён эътибор надода тартиботи ҷаъмиятиро дағалона 5-10 дақиқа вайрон карда, ба саломатии ҷабрдида зарари гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.

Судшаванда Джумаева Дилфуза худашро бо айби нисбаташ бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда, пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ карда, мутобиқи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки баррасии парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ анҷом дода шавад.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда гуноҳи ў бо дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ,  тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда  Джумаева Дилфузаро бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар бе эҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандонро муқаррар кардааст, банду баст кард.

Санксияи моддаи 237 қисми 1 Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои алтернативӣ дар намуди ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо ба судшаванда Джумаева Дилфуза талаботи моддаи 60 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатњое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар гирифт.

Суд ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, инчунин ҳолати онро, ки судшаванда Джумаева Д. айни ҳол бекор буда, донишҷуйи бахши 3-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад ва ҳам дар тарбияаш кӯдаки хурдсол дорад, ҳамчун ҳолатҳои мустасно эътироф намуда, ба хулоса омад, ки  Джумаева Дилфуза Розикулиевна бо моддаи 237 қисми1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ мувофиқи моддаи мазкур бо татбиқи моддаи 63 Кодекси мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.