Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои контрабанда (қочоқ)

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 30 октябри соли 2018 дар ҳайати раисикунанда Исозода Х.И., машваратчиёни халқӣ  Мусозода И.Х. ва Сироҷов Х.Н., бо котибии Қаюмзода З., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Исломиддинзода Қ., ҳимоятгар Муродова П., тарҷумон Шодиев Ҷ.Д. парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон А.А., миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, оиладор, муваққатан бекор дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки судшаванда А.А. санаи 29 августи соли 2018 дар ҳудуди вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, деҳаи Мулло сардор аз сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ ба тафтишот маълум нест, дар як халта воситаҳои нашъаовари навъи «Афюн»-ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, онҳоро якҷоя бо шахсоне силоҳбадаст бо мақсади дар ҳудуди деҳаи Овиёни ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибияти «Сайда» ном шахс, ки дар асоси Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ амал мекард» додан, ғайриқонунӣ ба маҳалли зикршуда интиқол медиҳанд. Зимни ба соҳибияти «Сайда» ном шахс, ки дар асоси Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ амал мекард» додани воситаҳои нашъадор, ӯро кормандони милитсия дастгир намуда, дар рафти кофтукови шахсӣ аз дасташ як халтаи дар дохилаш бисту як адад баста воситаи нашъадори навъи афюн мавҷуд буда дарёф карда шудааст, аммо шахсони силоҳбадаст аз ҷои ҷиноят пинҳон шудаанд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводҳои аз судшаванда А.А. дарёфт карда гирифта шуда ба воситаи нашъаовари навъи «афюн» мансуб буда, вазни умумиашон 25870,0 (бисту панҷ ҳазору ҳаштсаду ҳафтод) граммро ташкил медиҳад.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда А.А. дар содир намудани ҷиноят худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуд.

Гарчанде судшаванда А.А. худро бо айби ба ӯэълоншуда пурра гунаҳгор ҳисоб намуда бошад ҳам, аммо гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз ҷониби суд бо далелҳои парванда ва дигар маводҳои дар мурофиаи судӣ ба дастоварда пурра исботи худро ёфт.

Бинобар ин суд ба хулоса омадааст, ки кирдорҳои судшаванда А.А.-ро бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонуни соҳиб шудан, нигоҳдоштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, бо аломатҳои аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба микдори махсусан калон содир шудааст бо моддаи 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои контрабанда (қочоқ), яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор, бидуни назорати гумрукӣ пешбини мекунад ва бо моддаи 335 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи шахсон, пешбинӣ мекунад банду баст менамояд.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷинояти нисбати судшаванда А.А. хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ва талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро ба инобат гирифта, нисбаташ бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 17 (ҳабдаҳ) сол, бо моддаи 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 (шаш) сол  ва бо моддаи 335 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 (шаш) сол таъин кард. Бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ нисбати судшаванда А.А. дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 21 (бисту як) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт, таъин кард.