Баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар гимназияи А.Ғуломови шаҳри Душанбе
Нимаи рӯзи 14 майи соли равон, ҳайати судяҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе байни омӯзгорону хонандагони гимназияи А.Ғуломови шаҳри Душанбе вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ доир гардид.
Ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, дар охири ҷаласа ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватану амният ва суботи ҷомеа ҳидоят карда шуданд.
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: