Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул гардидааст

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат санаи 07 майи соли ҷорӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Шоев Дилшод Муродалиевич, 15 январи соли 1996 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат кўчаи Бинокорон, маълумоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда,  муваққатан бекор, муҷаррад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Шоев Д.М. санаи 06 майи соли 2019 тахминан соатњои 06:30 дақиқа дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» рақами қайди давлатиаш 3838СЕ01-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Гуноҳи Шоев Д.М. бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ў, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Кирдори ў бо моддаи 510 кисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф карда шуд, зеро тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷљикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Вақти интихоби андозаи ҷазои маъмурӣ суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Шоев Дилшод Муродалиевичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.