Дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ибораи Коррупсия аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш бадахлоқ ё фосиқ кардан мебошад. Решаҳои таърихии коррупсия ин додани инъом ё туҳфа бо мақсади пайдо кардани мавқеъ истифода бурда мешуд. Баъди ба вуҷуд омадани институтҳои давлатдори шахсони махсус яъне шахсоне пайдо шуданд, ки идораи давлати ё ягон апарати он бар души онҳо мононда шуд ва ин шахсон пинҳони аз мавқеи ишғолнамудаи худ суйистифода карда ҳолати иқтисодиашонро беҳтар мекарданд.
Ҳолатҳои болои аз он шаҳодат медиҳад, ки коррупсия таърихи қадима дошта ҳанӯз дар қарнҳои пеш аз мелод ҳасти вуҷуд доштааст. Адабиётҳо нишон медиҳанд, ки сабаби ягонаи авҷ гирифтани коррупсия ин хоҳиши ба даст овардани фоида бо сӯйистифодаи мавқеъ буда ва омили ягонаи пешгириаш ин ҳиссиёти тарс аз ҷазо барои ин амал мебошад.
Коррупсия зуҳуроти  номатлуби  ҷамъияти  буда,  омӯзиши  ҷидди ва мунтазам,  муносибати махсус,  муқобилияти  комплекси  ва  оперативиро талаб менамояд. Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст  кардани сатҳи камбизоати, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлати  демократӣ таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси умумимиллӣ талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозии саъю кӯшиши  мақомоти давлати,  ташкилотҳои ҳамаи  шакли  моликият  ва институтҳои ҷомеаи шаҳрванди гардад.
Коррупсия —  ин  кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё  имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои модди  ва ғайримодди, бартарият ва имтиёзҳои дигари дар қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкуни  ва  (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракати) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқи истифода мебаранд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлоли дар Ҷумҳурии мо якчанд чораҳои дахлдор андешида шудаанд, ки дар зери онҳоро қайд менамоям.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар  зидди ҷинояткори  дар  соҳаи  иқтисод  ва  коррупсия (ришватхӯри)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.
Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  «Дар бораи хизмати давлати»,  «Дар бораи назорати давлатии  молияви  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»,  «Дар  бораи  бонкҳо ва фаъолияти бонки»,  «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»,  «Дар  бораи  хусусигардони»,  «Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати»,  «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа»,  кодексҳои гумрук, андоз, меҳнат, граждани ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Инчунин чораҳои таъмини шаффофият ва  беғарази дар хизмати давлати қабул гардид ва ӯҳдадории ҳар як хизматчии давлати барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад  ва амвол  муқаррар карда шуд. Кодекси ахлоқи хизматчии давлати аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  қабул  гардид  ва  меъёрҳои  он  ба  стандартҳои байналмилали  мутобиқ гардонида шуд. 25 сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро бар зидди коррупсия ба имзо расонид.
Дар охири  соли  2006  ислоҳоти  мақомоти идораи давлати баргузор гардид.  Дар доираи ин ислоҳот миқдори вазорату идораҳо кам карда шуданд. Бо  мақсади  муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрванди, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилали, инчунин бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлати барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли  2007  №  143  Агентии  назорати давлатии  молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгири, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиони,  таҳқиқи ибтидои, тафтиши ҷиноятҳои коррупсиони, инчунин гузаронидани назорати  давлатии  молияви  иборат мебошад.  Ҳоло  асосҳои  меъёрию  ҳуқуқии фаъолияти ин мақом ташкил ва тақвият меёбад.  Тавассути ислоҳот ба давраи нав ва васеи мубориза  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гузошта шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки баъди эътироф ё ратификатсияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия бояд Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои ин санадро ба иҷро мерасонид. Яъне дар ин конвенсия дарҷ шудааст, ки давлатҳои иштирокчи бояд ба низоми санадҳои ҳуқуқи ва низоми мақомотҳои давлати як қатор тағиротҳо ва иловаҳо дохил намояд. Маҳс бо ҳамин сабабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсусе, ки бар зидди омилҳои коррупсиони мубориза мебарад ташкил карда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» қабул гардид, ки дар ин қонун самтҳои муайяни пешгирии коррупсия ба танзим дароварда шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷинояти» қабул гардид, ки ин қонун омили нав дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда тибқи он иштирокчиёни мурофиаи судии ҷинояти аз қабили айбдоркунандаи давлати, шоҳид, ҷабрдида, судшаванда мутахасис ва дигар иштирокчиён бояд ҳифз карда шаванд.

Чораҳои амнияти инҳоянд:

— муҳофизони шахси, муҳофизати манзил ва молу мулк;
— додани воситаҳои махсуси мудофиаи шахси,  алоқа ва огоҳони  аз хавфу хатар;
— таъмини махфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда;
— кӯчонидан ба маҳалли дигари истиқомати муваққати;
— иваз намудани ҳуҷҷатҳо;
— тағйир додани симои зоҳири;
— дигар кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсил;
— ҷойгиркунонии муваққати дар маҳалли бехатар;
— татбиқ  намудани  чораҳои  амниятии  иловаги  нисбат  ба  шахси ҳимояшаванда,  ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад ё дар маҳалли адои ҷазо қарор дорад,  аз ҷумла гузаронидани ӯ аз як маҳалли дар ҳабс нигоҳдори ё адои ҷазо ба дигар маҳал.

Омили дигари андешидашуда ин аз ҷониби Президент ташкил кардани Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсад ва вазифаҳои Шурои милли аз инҳо иборат аст:

— таҳлил ва баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти давлати ва ҷомеаи шаҳрванди дар самти пешгири ва мубориза бо коррупсия;
— мусоидат оид ба татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санадҳои  ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  муқовимат  ба  коррупсия, Стратегияи   мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои барномавии миллии мубориза бо коррупсия;
— мониторинги  давлатию  ҷамъияти  оид  ба  пешгирии коррупсия ва иҷрои самараноки вазифаҳои мақомоти давлати дар мубориза бо коррупсия ва   баҳогузори  намудан  ба  фаъолияти  мақомоти  давлати  ва  дигар ташкилотҳо дар ин самт;
— ҷалби васеи ташкилотҳои  ғайриҳукумати,  ҷомеаи  шаҳрванди ва шахрвандон дар мубориза бо коррупсия;
— бартараф  намудани  таҳдидҳо  ба  бехатарии  иқтисодиёти милли, пешгирии омилҳо ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, мусоидат ба дарки  хавфнокии  коррупсия дар ҷомеа ва ташаккули фазои тоқатнопазири ба омилҳои коррупсиони ва дигар вазифаҳое, ки дар низомномаи ин Шуро тасдиқ карда шудаанд.

Ҳайати Шӯрои милли аз Раис, аъзо ва котиб иборат аст.

Раиси Шӯрои милли Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аъзои Шӯрои милли инҳо мебошанд:

— Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқи;

— Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо;

— Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа;

— Раиси  Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсиони, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният»;

— Раиси  Кумитаи  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии ҶТ оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқи;

— Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Директори  Агентии  назорати  давлатии  молияви  ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Сардори Раёсати  хизмати  давлатии  назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

— Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Директори Агентии назорати маводи нашъаовари  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

— Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

— Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

— Сардори Департаменти мониторинги молиявии  назди  Бонки  миллии Тоҷикистон;

— Роҳбарони ҳизбҳоир сиёси,  ки дар Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил доранд;

— Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;

— Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;

— Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

— Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

— Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон;

Аъзои Шӯрои миллӣ вазифадоранд, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои  миллӣ иштирок  намоянд.  Онҳо  наметавонанд  иҷрои ваколатҳои худро ба шахси дигар супоранд.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021- 2025) ва Барномаи дохилиидоравии (соҳавии) зиддикоррупсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  бо мақсади таъмини иҷро ба роҳ монда шудааст.

 

Муовини якуми Раиси суди ноҳияи
Исоили Сомонии шаҳри Душанбе
Кабирзода С.М