Аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Судяи суд ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Абдуллоев Муҳамаҷон Сайшарифович, 01 августи соли 1987 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Ховалинг, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор соҳиби ду фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Ф.Ниёзӣ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.

Муайян карда шуда, ки ронанда Абдуллоев Муҳамаҷон Сайшарифович дар таърихи 19 октябри соли 2019 тахминан соати 04:10 дақиқа дар вилояти Суғд, ш.Хуҷанд кўчаи Х.Иброҳим, бо воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 3535 ВТ01-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Абдуллоев Муҳамаҷон Сайшарифович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазо сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки Абдуллоев Муҳамаҷон Сайшарифович худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида бошад ҳам, гуноҳи ў бо далелҳои дар қабати маводи парванда мавҷудбуда ва дигар маводҳои парванда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Абдуллоев Муҳамаҷон Сайшарифовичро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Раводиди моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, ба хулоса омад, ки ӯро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.