Дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора кардааст

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М.М. санаи 7 марти соли ҷорӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Валиев Файзали Раҳимович, 08.02.1986 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Тоҷикобод, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби як фарзанд, муваққатан сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи 8, ҳуҷраи 68 бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, муайян кард:

Валиев Файзали Раҳимович санаи 1 марти соли 2018 тахминан соати 05:02 дақиқа дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта МК-2», рақами қайди давлатиаш 6408 АН 08-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, бо ин кирдораш талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Валиев Файзали Раҳимович дар рафти мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат санаи 1 марти соли 2019 воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта МК-2», рақами қайди давлатиаш 6408 АН 08-ро дар ҳолати мастӣ идора намудааст. Ӯ панҷ бакал нушокии спитрдори оби ҷав (пиво) истеъмол намуда будааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазо сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки Валиев Файзали Раҳимович худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида бошад ҳам, гуноҳи ў бо далелҳои дар қабати маводи парванда мавҷудбуда, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Валиев Файзали Раҳимовичро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунанда Валиев Файзали Раҳимович дар доираи бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.