ГУЗАРИШ БА ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти сохтори молиявиро дар рушди иқтисодиёт мунтазам таъкид намуда, барои инкишофи минбаъдаи он пайваста вазифаҳои мушаххасро муайян менамоянд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 вазорати молияро вазифадор намуданд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро амалӣ намояд.

Сарвари давлат ба масъулин чунин супориш доданд: «Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд».

Дар ин маврид ҳокимияти судӣ, ки ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд, ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Қонунгузории низоми пардохтӣ нахуст ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта,  ҳисоббаробаркуниҳо дар ҷумҳурӣ асосан тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ғайр аз ин, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 қабул шудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ, аз қабили Дастурамали №193 “Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори раёсати ин бонк тасдиқ шудааст, ин муносибатҳоро ба танзим медароранд.

Бо мақсади мукаммалгардонии ҷараёни рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаҳои ҳуқуқии ин соҳа сол ба сол мустаҳкам шуда, санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул мешаванд.

Чунончи, 22 июни соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” қабул шуд, ки тибқи он аз 1 августи соли 2023 ҳамаи намудҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок манъ гардид. Дар айни замон ба ин хизматрасониҳо пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дохил шудаанд.

Инчунин, дар ин фармони Президенти мамлакат ба тариқи умумӣ намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ дарҷ гардидаанд, ки инҳо метавонанд қабули маблағ барои баъзе ҳуҷҷату бланкаҳо, барои додани баъзе иттилоот (маълумотномаҳо) ва ғайра бошанд.

Ғайр аз ин, пас аз қабули ин фармон вобаста ба ин масъала ба якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», “Дар бораи нотариати давлатӣ”, «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва ғайра тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.

Аз ин лиҳоз боварии комил дорем, ки вазорату идораҳои дахлдор, мутасаддиён ва шаҳрвандон ба ин масъала бо дарки масъулият муносибат намуда, иҷрои фармони дахлдори Президенти Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таъмин менамоянд ва ҳадафе, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2023) муайян намуданд, амалӣ мегардад.

То соли 2026 низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳо бояд пурра ҷорӣ шавад, ки ин ба баланд гаштани нишондиҳандаҳои сатҳи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, боло рафтани сатҳу сифати зиндагии мардум ва паст шудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Кабирзода Сарфароз Мизроб-раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе