Гузаронидани семинари омӯзишӣ
Дар асоси нақшаи чорабинии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта байни кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинар баргузор мегардад. Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар асоси нақшаи мазкур семинари навбатӣ гузаронида шуда, дар он корманди дастгоҳи суд Насимзода Суҳроб дар мавзӯи «Тартиби иҷрои ҷазои иловагӣ» маъруза карда, қайд намуд, ки дар асоси моддаи 33 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима ё корҳои ислоҳӣ, инчунин бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин шудааст, аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, инчунин маъмурияти ҷои кори ӯ ё мақоме, ки барои машғул шудан ба чунин навъи фаъолият иҷозат додааст, ба амал бароварда мешавад.
Иҷрои ин ҷазо, ки ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои асосӣ дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазои асосӣ анҷом дода мешавад. Маъмурияти ин муассисаҳо пас аз адои ҷазои асосӣ ё дар сурати аз адои ҷазо озод шудани маҳкумшуда ё иваз кардани ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷрои минбаъда ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда мефиристад.
Бо ҳамин тартиб семинари мазкур дар шакли саволу ҷавобҳо давом дода шуд.
Дар охир тартиби ягонаи корӣ ҷиҳати иҷрои ҷазои иловагии таъингардида суд ба кормандон дастур дода шуд.