Хониши идоравӣ дар мавзӯи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Субҳи рӯзи 4-уми сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи суди ноҳия хониши идоравӣ дар мавзӯи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Мавзӯи мазкур аз тарафи корманди дастгоҳи суд Султонзода Бахтовар мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин ниҳодест, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи мардумро дар идора кардани давлат таъмин менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи демократии тараққиётро пеш гирифт ва тибқи Конститутсия барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи оздонаро мароми бунёдии худ эълон намуд. Дар ин робита интихобот яке аз муҳимтарин василаҳои расидан ба ин ҳадафҳо мебошад. Илова ба ин, интихоботи озоду шаффофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз василаҳои муҳими суботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди давлатамон бо роҳи демократия аст. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмиллалӣ озод, шаффоф ва ошкоро баргузор намудани он омили таҳкими эътимоду боварӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 июли соли 1994 қабул гардидааст. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Бо ҳамин Қонуни конститутсионии мазкур маврид таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, аз тарафи ширкаткунандагони ҷаласа тариқи саволу ҷавобҳо ҷаласа идомад гардид.
Суратгузориш аз ҷараёни баррасии ҷаласа:

?

?

?

?