ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ
Ҳифзи марзу бум ва амнияту суботи Ватан аз душманон вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар шароити кунунӣ бояд ҳар як аъзои ҷомеа дар ин масир бо самимияту садоқат хизмат карда, саҳми худро гузорад.
Тавре аз хабару гузоришҳо маълум аст, тайи ду даҳсолаи асри XXI ташкила ва ҳаракатҳои мухталифи иртиҷоӣ ва ифротгаро, ки аксар дар заминаи ифротгароӣ пайдо шудаанд, бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Ташкила ва гуруҳҳои ифротгаро вабои аср буда, ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи он низ таъсири манфии худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар байни ҷавонон паҳн шуда истоддаст, терроризм ва ифротгароии диниву мазҳабӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароии динию мазҳабӣ зуҳуроти номатлуб буда, омили аслии ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Бетартибиҳо ва нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи дар Тоҷикистон ба вуқуъ омад, ки ба ҷанги таҳмилӣ сабаб гардиданд, далели қотеъанд, ки ташкилаи террористии экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимои кишвар ягон саҳме надошт ва надорад. Баръакс ҳамин наҳзатиёни террорист мардуми кишшварро ба майдонҳо кашида, низоми давлатдории миллии шаклгирифтаистодаро барҳам заданд.
Террористони наҳзатӣ бо вуҷуди бахшида шудани гуноҳҳояшон ва ба қайд гирифта шудан фаъолияти созанда ва муттаҳидсозандае карда натавониста, ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеа касб накарданд, зеро ҳадафи нопокашон танҳо сохтани давлати исломӣ ва мардумро дар асорат нигош доштан буд.
Террористони наҳзатӣ бо суиистифода аз дини ислом ва эътиқоди мардум то имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ дар талошанд, ки ин хатар ба генофонди миллати тоҷик аст.
Фаъолияти тундравонаи наҳзатиёни террорист ҳеҷ вақт ба манфиати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол нест ва намешавад, зеро барои мардуми хирадпешаи тоҷику тоҷикистониён озодии диниву мазҳабӣ гузинаи пешина ва қадимӣ мебошад.
Илова бар ин, ҳадафи наҳзатиёни террорист тафриқандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон аст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Мақсади ҳамешагии онҳо гумроҳ кардани мардуму расидан ба мақсадҳои муғризона аст, ки ин аз фаъолиятҳои тахрибкоронаашон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет бармалост. Аммо мардуми хирадманд ва ҳушёру бозаковат, бофарҳангу бомаърифати кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ин суханҳои нопоки онҳо ҳеҷ вақт бовар намекунанд.
Ҳифзи марзу бум аз душманон, аз ҷумла аз ин тудаи табоҳкори ийфротӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаст ва дар оянда низ хоҳад буд. Аслан, истилоҳи “вазифаи муқаддас” ба он ишора мекунад, ки он вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар шаҳрванд аст.
Вазифаи давлат ва ниҳодҳои он ба пешрафту такомули ҷомеа, сатҳи некӯаҳволии халқ, шароити зиндагии арзандаи барои ҳар фарди ҷомеа мебошад. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тайи 33 сол аст, ки ин вазифаашро бо сарбаландӣ ва масъулият иҷро карда истоддаст. Дар шароити имрӯзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди буҳронҳои молиявӣ ва энергетикӣ нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати милли давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамин тариқ, таҳкими истиқлолияти давлат пеш аз ҳама музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Ҳамзамон соҳибистиқлолии давлат таҳкими минбаъдаро тақозо мекунад.
Таҳкими истиқлолияти давлат бо чораҳои мухталифи давлатӣ дар самти пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Истиқлолияти давлатӣ, ҳимоя ва таҳкими он бо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазам, афзун намудани сифати дониш, маҳорати касбӣ,, миллатшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободонии кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд. Барои ҳамин, таҳкими истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатии он мебошад.
Дар интиҳо таъкиди ин нукта ба маврид аст, ки Ватан макони муқаддас барои ҳар инсони худшинос аст ва мардуми хирадварзу ҳушёру бозаковати Тоҷикистонро зарур ва муҳим аст, бо шукргузорӣ аз ин истиқлоли миллӣ ва шароити мусоиду рӯзгори хуш ҳамеша бар андешаи он бошем, ки ҷомеаи озоду фазои софу беғубори кишварамонро аз ташкила ва гуруҳҳои террористиву экстермистии диниву мазҳабӣ ҳифз ва раҳо созем.
Ҳамеша дар қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва инсонгароиву созандагӣ ҷӯш занад ва ҳамеша дар ҳифзу ҳимояи якпорчагиву ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлолу шукуфон саъю талош варзем.
Судяи Суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Шарофзода Баҳодур Қурбон