Иштироки кормандони дастгоҳи суд дар мизи мудавар

Санаи 20 апрели соли ҷорӣ кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Рӯзафзуни Шодмонрух ва Фатҳуллоева Нилуфар дар мизи мудавар, ки дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Расмиёти маъмурӣ бо мисолҳои таҷрибавӣ» баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар мизи мудавар мутахассисони соҳаи ҳуқуқи мамлакат, намояндагиҳо аз давлатҳои хориҷи кишвар низ иштирок доштанд.

Дар чорабинии мазкур мавзӯҳо доир ба ҳуқуқи маъмурӣ, расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои тартиботи маъмурӣ, тартиби татбиқи расмиёти маъмурӣ, санадҳои маъмурӣ, бекор кардан ва тағйир додан ба санадҳои маъмурӣ, то судӣ шикоят намудан аз болои санадҳои маъмурӣ, тартиби шикоят намудан нисбат ба санадҳои аз тарафи суд қабулшуда, ба иҷрои расонидани санади маъмурӣ  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Расмҳо аз ҷараёни баргузории мизи мудавар: