Иштироки судяҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи аввали рӯзи 26 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 семинари омӯзишӣ гузаронида шуд, ки аз он ҷумла раис, муовини раис ва судяҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар он иштирок доштанд. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзаалӣ, раисони Коллегияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ – Лутфуллозода Ш., Қодирзода Т., Ализода Ш. ва  раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар семинари мазкур мавзуҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Баррасии парвандаҳои оилавӣ доир ба тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон, маърӯзачӣ Азизматзода Х. – судяи суди шаҳри Душанбе;
  • Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳарбӣ марбут ба фирор, маърузачӣ Рустамзода М.Р.- судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе.
  • Таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо, маърӯзачӣ Шарифзода С. – судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
  • Муҳлати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар судҳои марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, маърӯзачӣ Абдуллозода Ҷ. – муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо аз тарафи раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ ва суди шаҳри Душанбе сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар қисмати поёнии семинар аз тарафи Раёсатҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштироккунандагони семинар эълон, муҳокима ва пешниҳодҳо карда шуд.