«Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост».
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди экстремизм ва терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва тамоми ҷаҳон меҳисобад. Муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм ба ошкор, пешгирӣ ва барҳам додани амалҳои ғайриқонунӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноятҳо ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як инсон ба амнияти шахсӣ новобаста аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ ва фикру ақида бояд нигаронида шуда бошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудааст. Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм мушаххас карда, вазифаҳои мақомоти давлатиро барои бартараф кардани омилҳое, ки ба ифротгароӣ ва терроризм мусоидат мекунанд, муайян мекунад. Дар ин ҷода мехоҳам чанд гуфтаҳоро аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст, ёдовар шавам.
«Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар арсаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Яъне аксари мутлақи қурбониёни чунин дахолату муноқишаҳо ҳамоно мусулмонон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст? Албатта, чунин нест ва чунин набояд бошад. Зеро на табиат , ки инсон ҷузъи ҷудонашавандаи он аст ва на Офаридагор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҷаҳолат нестанд. Пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон Қарор дорад. Тавре мегуянд: «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост». Бинобар ин, инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастаҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад».
Пешвои миллат дар идома қайд мекунанд: «Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эъҷодкор буданашон, инчунин бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегияи давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд, Бинобар ин мо бояд зирак бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем».
Омӯзиши таҷрибаи судӣ гувоҳи онро мекунад, ки яке аз омилҳои густариш пайдо кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва содир кардани чунин ҷиноятҳо, ин васеъ истифода шудани шабакаҳои интернетӣ мебошад. Дар самти пешгирӣ кардани чунин ҷиноятҳо волидайн бояд назорати истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетиро аз ҷониби фарзандон пурзӯр намоянд. Давоми соли 2022 ва семоҳаи аввали соли 2023 ба пешбурди суд парвандаҳо барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо ин сабаб содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва аз ҷумлаи онҳо ҳолати аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба дарсҳо овардан ва истифодаи телефонҳои мобилӣ, инчунин истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ дар марказҳои интернетӣ мушоҳида мегардад. Мутаассифона баъзе аз марказҳои интернетӣ истифодаи бозиҳои хусусияти ифротгароидоштаро бархилофаи Оинномаҳои худ сарчашмаи асосии дорошавии фаъолият ҳисобида, дидаву дониста ба воридшавии ноболиғон ба чунин марказҳо ва машғул шудани онҳоро ба бозиҳои хусусияти ифротгароидошта иҷозат медиҳанд.
Дар байни содиркунандагони ҷиноят нафароне низ ҳастанд, ки вазифаи муқаддаси худро иҷро накарда, ба тарҷиби ақидаҳои ифротгароидошта машғул гардидаанд. Масалан, бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 23 октябри соли 2022 шаҳрвандон Холиқов Ҳукмиддин ва Холиқов Акрам дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 307 нишонаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати шаш соли маҳкум гардидаанд, ки худ ходими дин ва хатибии яке аз масчидҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда доштаанд.
Мо бояд бетараф набошем ва зиракиро аз даст надиҳем, зеро яке аз мақсадҳои асосии қонун пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят мебошад ва он вазифаи натанҳо ниҳодҳои қудратии мамлакат, балки тамоми кишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии
шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат.