Истиқлолияти давлатӣ- волотарин дастоварди сиёсӣ

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад

                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

Агар ба таърихи сиёсии мамолики ҷаҳон назар андозем, дармеёбем, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкилу пурихтилоф буда, ҳар як марҳалаии нкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳалаҳо метавонанд бо шаклҳои мухталиф гоҳе ором ва ё баъзан мутташаниҷу ноором ҷараён ёфта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат ба бор оранд.

Аз ин рӯ, бисёр миллатҳо мушкилоти ба сарашон омадаро ҳал карда натавонистанд, зеро натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барои пойдории онҳо фароҳам омада буд, мақсаднок истифода баранд, дар ин масир аз давлатдории худ бенасиб гаштанд, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои ҳоил (пурталотум)-и таърих симои миллиашонро гумм кардаанд. Хушбахтона, дар ин радифи таърихӣ тоҷикон аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки тавонистанд ин имконияти таърихӣ-ин неъмати худовандиро, қадрдонӣ намуда, онро оқилона истифода баранд ва соҳиби Истиқлолияти давлатии хеш гарданд.

Миллати куҳанбунёди мо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва ин рўз барои миллати тоҷик рўзи муқаддас маҳсуб меёбад.

Кулли сокинони кишвари мо имрўз ифтихор аз он доранд, ки 29 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти давлатдории миллии худро гузоштанд. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.  Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандии бародаркуш кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, дар кишвар беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.

Ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI муайян намуд. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолияти хеш дар ин мақоми барои сарнавишти миллату давлат хеле пурмасъулияту ҳассос барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мурури замон исбот намуд, ки роҳи муайянкарда ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигареро надоштааст ва таърихи давлатдории навини тоҷикон бори дигар ин ҳақиқатро исбот намуд.

Пешвои муаззами миллат дар як муддати кўтоҳе миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, таҳти роҳбарии хирадмандонаи ў ба ҷанги бародаркуши таҳмилӣ хотима дода шуда, оқибатҳои он бартараф гардонида шуд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аз нав обод гашт.

Тавре таърих гувоҳ аст, қадамҳои аввалини Истиқлолияти давлатии мо бо ҷанги хонумонсўз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда буд. Ҷанги хонумонсўзу талошҳои ТЭТ ҲНИ барои ба даст овардани зимоми давлатдорӣ тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷў мекард ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан пайваста талош варзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари сарзамини азизамон ҳукмфармо гардад.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он санаи муборак Рўзи Ваҳдати миллӣ эълон шуда, дар кишварамон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомўзад ва барои насли имрўз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъият Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёди нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ- Мурғоб, Душанбе — Рашт — Саритош, Душанбе — Хуҷанд — Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имконият фароҳам омад, то ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардида, вазъи сафар ва боркашонӣ дар саросари кишвар беҳтар гардад.

Душвортарин масъала дар кишвар ин ҳалли истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат буданд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рўзҳое буд, ки шаҳрвандон дар як шабонарўз ҳамагӣ 2 соат бо барқ таъмин карда мешуданд. Вале тавассути ба истифода додани иншооти нави соҳаи энергетика мушкилоти пурра бо барқ таъмин намудани мардум аз байн бардошта шуда, аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини сокинони кишвар бо неруи барқ пурра аз байн бардошта шуд. Ҳоло сокинони кишвар 24 соат бо ин неру таъминанд. Лозим ба ёдоварист, ки 50 %-и барқи истеҳсолшударо танҳо сокинони кишвар истифода мебаранд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бунёдкориву созандагӣ дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон, Лолазор-Сангтўда-1 ба истифода дода шуда,  хатти 500 киловаттаи Ҷануб-Шимол ба кор даромада, сокинони вилояти Суғд низ дар мавсими тобистону зимистон пурра бо неруи барқ таъмин гардиданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим — бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид. Баъди заҳматҳои зиёд 2 агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда шуда, тақрибан моҳи ноябри соли 2021 бакордарории агрегати сеюм дар назар аст. Қаблан дар фасли зимистон баъзе минтақаҳои кишвар аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Айни ҳол ин мушкилӣ бартараф шуда, баъди пурра ба кор даромадани НБО-и Роғун Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шуда, зиёдатии барқро метавонад ба ҳамсоякишварҳо- Ўзбекистону Афғонистон, Покистон ва ба дигар давлатҳои минтақа содир намояд.

Мутаассифона, гармшавии иқлим ва қариб 50% кам гаштани ҳаҷми боришоти барфи имсола, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, сабабгори он гардид, ки имрўзҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 80 м 3 (метри мукааб), яъне 50% кам гашта, захираи оби обанбори Норак нисбат ба соли гузашта 17 метр камтар гардад. Инро ба эътибор гирифта, ба хотири бо барқ пурра таъмин намудани сокинони кишвар  ва роҳ надодан ба танқисии барқ, Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур гардид ҳатто шартномаҳои байнидавлатии интиқоли барқро ба Ўзбекистону Афғонистон қатъ намояд. Аз ин лиҳоз, сокинони кишварро зарур аст ва ин қарзи шаҳрвандии онҳост, ки вазъияти ба миёномадаро дуруст дарк намуда, истифодаи сарфакоронаи неруи барқро оқилона ба роҳ монанд. Танҳо бо ин роҳ мумкин аст обанбори НБО-и Норакро бо об пур намоем. Аминам ин вазъияти ба миёномадаро низ сокинони бо фарҳанги  кишварамон  ҳал намуда, мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дар пешистодаро пешгирӣ менамоянд.

Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон сол аз сол ривоҷу равнақ намуда, фоизи истеҳсолот баланд рафта истодааст, ки ин нишондиҳанда моро ба кишвари содиркунандаи маҳсулот табдил додааст. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.

Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон, дар аввали солҳои соҳибистиқлолии ватан, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид, ки он яке аз рукнҳои муҳими раванди устувории Истиқлолияти давлатӣ мебошад, заминаи конститутсионии соҳибихтиёриву мустақилияти давлатиро таҳким бахшида, ба раванди рушди низоми ҳуқуқӣ дар давлати соҳибистиқлоли мо замина гузошт.

Конститутсия ҳамчун санади муайянкунандаи тамоми низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқӣ баромад намуда, омили муҳими мустаҳкам намудани арзишҳои бунёдии давлати мустақили тоҷикон гардид. Ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ бо дарназардошти такмили минбаъдаи он барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини суботи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии мо шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ, фаъолияти озодонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имкониёти муфиде фароҳам овард.

Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард то инсон ва ниёзмандиҳои он дар меҳвари сиёсати дохиливу хориҷии давлат қарор гирифта, бо истифода аз ақидаҳои инсонгароёна, муосиру пешрафтаи умуми башарӣ ва гуманистии мутафаккирони гузашта сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳокимияти судӣ ташаккул ёфта, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи мамлакат дар заминаи Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар низоми судии мамлакат таъсис дода шуд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияти бо марому пурсамари хеш адолати судии конститутсиониро дар саросари кишвар амалӣ мегардонад.

Бо мақсади рушду таҳкими ҳокимияти судӣ ва бо назардошти он, ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули давлатдорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон нақши ниҳоят муҳимеро мебозад, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул гардиданд.

Дар асоси барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла кодексҳои мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шуда, дар таҳрири нав қабул гардиданд. Ин санадҳо барои беҳтар гардидани фаъолияти судҳо зимни ба амалбарории адолати судӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон равона гардидаанд, мусоидат намуданд.

Муҳимтар аз ҳама, дар даврони истиқлолият низоми ҳуқуқии мамлакат рушд кард, равандҳои муосири рушди давлату миллат ва ҷашну маросими миллӣ зери танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, суботу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ побарҷо гардиданд.

Дастоварди бузургтарин барои ҷумҳурии мо дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ин барқарор намудани сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки маҳз ба шарофати мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллатамон муяссарамон гардидааст.

Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд. Тибқи омор фақат дар ҳашт моҳи соли 2018 беш аз нуҳсад ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз кишвари ободи мо дидан кардаанд. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки барои боз ҳам мутараққӣ сохтани инфрасохторҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон ҳазорон занони хонашин бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда, ба ҳунарҳои мардумӣ пардохтанд. Имрўз атласу адраси тоҷикӣ дар тамоми ҷаҳон машҳур гардида,  намояндагони дигар миллатҳо либосҳои миллии моро бо ҳавас мепўшанд.

Обрўю нуфузи Пешвои муаззами миллати тоҷикон давлати моро дар сарҳанги кишварҳои бонуфуз қарор дода, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муяссар гашт, ки муносибатҳои дўстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг — Тоҷикистону Ўзбекистон бори дигар пайваста гарданд. Сафарҳои президентҳои ин ду кишвар боис гаштанд, ки сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан кунанд, хешу таборони азҳамҷудо, бори дигар ба ҳам пайваст гарданд. Бешак барқарор гаштани муносибот бо кишвари ба мо ҳамсоя ва дўст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, зеро Сарвари давлат тавонистанд кори амалинашавандаро амалӣ созанд.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ  карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст. Агар солҳои қаблӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёна нокифоя бошад, имрўз дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз як миллиону нуҳсаду шаш ҳазору сесаду чор нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, ин теъдод ҳамасола меафзояд.

Бино бар назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рў ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рўи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ  ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ  ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи 54-ум гардидааст.

Аз рўи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500-солагии Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ислом — Имом Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҷашнҳои ҳамасолаи «Наврўз», «Сада»,Меҳргон, Рўзи «Шашмақом», «Рўзи фалак», «Рўзи китоб», «Рўзи Парчами миллӣ», «Рўзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷӯҳи беандозаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Дар даврони истиқлолият Наврўз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз туфайли талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ гашт. Анъана ва суннатҳои неки Наврўз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни олам пазируфта шуда, ҳамасола дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Амрико, Эрону Туркия, Афғонистон, Сурияву Ироқ, Гурҷистону Озарбойҷон, Украина, Австралия бо шукуҳу шаҳомати хосе ҷашн гирифта мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммати мутафаккирони мо чоп гардида, дастраси сокинони кишвар гардонида шуданд.

Сарвари давлат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони яке аз масҷидҳои калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Айни ҳол сохтмони масҷиди бузурги шаҳри Душанбе ба итмом расида, он ба наздикӣ ба истифода дода мешавад.

Хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрўз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад.

Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза — 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт- 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор — 2018-2028».

Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 — 2028), ки аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Агар дар тўли зиёда аз 72 соли салтанати шўравӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 30 нафар фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, пас дар даврони истиқлолият беш аз саду си ҳазор нафар шаҳрвандони мо бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии худ ба мартабаи баланди ҳоҷигӣ мушарраф гаштанд.

Теъдоди ҳаҷравандагон ва хоҳишмандони ба ҷо овардани ин фариза сол то сол меафзояд, ки ин падида худ яке аз нишонаҳои болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишварамон мебошад. Чунончи, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ҳаҷи ҳамасола барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Мутаассифона, аз сабаби дар олам доман паҳн гардидани короновируси  «КОВИД — 19» ва барои пешгирии паҳншавии он имсол аз ҷониби Арабистони Саудӣ адои маносики ҳаҷи фарзӣ ва умра мувақатан манъ карда шудааст.

Имрӯз пояҳои истиқлолияту озодӣ, ки ибтидои давлату давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мебошанд, устувор буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳиме доранд. Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувории қтисодӣ ва бо ҳамин васила зина ба зина беҳтар  намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои  ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандони кишвар вазифаҳои аввалиндараҷаи ин давраи рушду нумўи мо мебошад.

Имконпазир гардидани ҳамаи ин неъматҳои зиндагӣ ва дастовардҳои дар боло зикргардида ба шарофати фазилат ва заковати Сарвари ғамхору дурандеш ва миллатдўст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

 

                                                                           Сарфароз КАБИРЗОДА — муовини   якуми раиси суди                                                                                           ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе