Эълони ҳукм барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ
Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмонзода Исфандиёр дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд 20 феврали 2020 сол парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:
Ҷабаров Искандар Набатович, санаи таваллудаш 12 ноябри соли 1963, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 4 нафар фарзанд, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саҳбо дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнибинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Муайян карда шуд, ки Ҷабаров Искандар Набатович чун ронандаи автомашина ҳангоми ҳаракат «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро вайрон намуд, ки натиҷааш рух додани садама ва ҷароҳати дараҷаи миёна бардоштани ҷабрдида Довголюк Раиса Ивановна, соли таваллудаш 1938 шудааст.
Ҷабаров Искандар Набатович санаи 13-уми декабри соли 2019, тахминан соати 8 автобуси тамғаи «Акиа», аломати қайди давлатиаш «63 04 ТТ 05»-ро, ки дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошт ва дар асоси роҳхат идора карда, бо роҳи рости мошингарди мумфарши сатҳи болоияш хушку бенуқсони хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Мирзо Турсунзода ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе, бо қатори якуми роҳ, аз рӯйи суръати тахминан 5-10 км/соат, бе бор ва тахминан бо чил нафар мусофирон ҳаракат мекард. Ҳангоми расидан дар муқобили бинои истиқоматии № 66-и хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, зимни ворид шудан ба чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе ва ба тарафи дасти рост гардиш намуданаш, ӯ талаботи бандҳои 130 қисми 2, 170 ва 118-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро дағалона вайрон намуд, ки мувофиқи онҳо: «Ҳангоми гардиш ба дасти чап ё рост ронанда вазифадор аст ба пиёдагардоне, ки қисми мошингарди роҳи ба он воридшавандаро (бо гузаргоҳи пиёдагард, дар ҳолати мавҷуд набудани он бо хатти пиёдароҳа ё канори роҳ) мегузаранд (мебуранд), ҳамчунин бо велосипедронон ва саворагоне, ки ин қисми мошингардиро бо пайроҳаи велосипедронӣ ё саворагон убур мекунанд, роҳ диҳанд.».
«Ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин қоидаҳо муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор гирад. Дар ин ҳолат:
— ҳангоми ба вуҷуд омадани монеа ё хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ӯ вазифадор аст фавран чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад.» ва
«- Дар гузаргоҳҳои пиёдагарди танзимшаванда ҳангоми сигнали иҷозатдиҳанда додани тамзимгар ё фурӯзон шудани сигнали иҷозатдиҳандаи чароғаки роҳнамо ронанда бояд имкон диҳад, ки пиёдагардон гузаштани қисми мошингард, хатҳои трамвайгарди самти додашударо ба охир расонанд»; “Ронанда уҳдадор аст нисбат ба воситаи нақлиёти дар пеш ҳаракаткунанда чунин масофаеро нигоҳ дорад, ки имконияти пешгирии ба ҳам бархӯрданро дар ҳолатҳои боздорӣ ё бозистии фаврии он дошта бошад, ҳамчунин фосилаи паҳлуии заруриро бо воситаҳои нақлиёти дар хатҳои ҳамсоя бозистода ё ҳаракаткунанда, ки бехатарии ҳаракатро таъмин карда метавонад, риоя кунад.”-инро иҷро накарда, судшаванда Ҷабаров Искандар Набатович, аз беэҳтиётӣ ҳангоми гардиш намуданаш ба тарафи рост фосилаи зарурии паҳлуии тарафи ростро риоя накарда, ба пиёдагард Довголюк Раиса Иванова, ки роҳи мошингардиро бо хати гузаргоҳи танзимшавандаи пиёдагардон, дар ишораи сабзи чароғи роҳнамо аз тарафи рост ба тарафи чапи роҳ нисбати самти ҳаракати автобуси мазкур мегузашт, роҳ надода бо қисми паҳлуии тарафи рости автобус пиёдагардро зада аз пой афтонида ва сипас бо чархи ақиби тарафи рости автомашинаи идора кардаистодааш пои рости пиёдагардро пахш карда мегузарад, ки дар натиҷа пиёдагард Довголюк Р. И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта аз тарафи худи ронандаи автобус ба беморхонаи МД ММТ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуда барои табобат бистарӣ мегардад.
Судшаванда Ҷабаров Искандар Набатович худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, мутобиқи моддаи 310-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кард, ки баррасии парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ анҷом дода шавад.
Ҷабрдида Довголюк Раиса Ивановна ин хоҳишро ҷонибдорӣ карда, иброз намуд, ки нисбати судшаванда даъво надорад.
Айбдоркунандаи давлатӣ низ бо тартиби соддакардашуда баррасӣ намудани парвандаро тарафдорӣ намуд.
Суд дар асоси таҳлили якҷояи далелҳои дар вақти тафтишоти пешакӣ ҷамъовардашуда дар маҷмӯъ ва дигар далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ ҷой дошта ба хулоса омад, ки судшаванда Ҷабаров Искандар Набатович дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил, ки натиҷааш рух додани садама ва аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштааст, гунаҳгор мебошад.
Бо қайди ин ҳолатҳо кирдори судшаванда Ҷабаров Искандар Набатович аз ҷониби суд бо моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда шуд.
Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо, суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшавандаро ба инобат гирифта, Ҷабаров Искандар Набатовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат ба андозаи 170 (яксаду ҳафтод) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ баробар ба андозаи 9 350 (нуҳ ҳазору сесаду панҷоҳ) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, таъин кард.